Додгоҳи шаҳри Ваҳдат мурофиаи парвандаи чоруми Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷикро дар боздоштгоҳи рақами 1-уми пойтахт оғоз намуд.
Адвокати зиндониро бар асоси шикояти як маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат муҳокима мекунанд. Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.
Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр, рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додгоҳи Ваҳдат 20 дақиқа пеш аз мурофиа ба хоҳараш Хосият Ёрова занг зада, хоҳиш кардаанд, дар мурофиа иштирок кунанд.
“Намояндаи додгоҳ пурсидааст, ки вакили мудофеъро хабар кунед, вале вақте Хосият пурсидааст, ки мо наздиконаш иштирок мекунем ё не, дар посух гуфтааст, фақат адвокаташ метавонад ҳузур дошта бошад,”—гуфт ӯ.
Ҳасан Ҳасанов, як маҳбус, ки дар зиндон бо Бузургмеҳр Ёров қарор дорад, ба ВКД шикоят кардааст, ки адвокати зиндонӣ бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ, аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Ӯ иддао кардааст, ки ин пулро наздикони ӯ дар берун аз маҳбас ба пайвандони Ёров додаанд.
Бузургмеҳр Ёров дар як нома аз зиндон инро тӯҳмат номида, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯбарӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар мурофиаро диҳанд.
Бузургмеҳр Ёров ҳашт сол боз дар зиндон аст. Ӯро соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки озод шавад, вале мақомот будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.
“Freedom Now”, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, қароргоҳаш дар Вашингтон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, вакилони мудофеи мустақилро, ки "бо ангезаҳои сиёсӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд", раҳо кунанд.
Созмон рӯзи 26-уми май дар Твиттер аз Бузургмеҳр Ёров ва Манучеҳр Холиқназаров ном гирифт. Муаллифони изҳорот гуфтанд, "бисёре аз ҳуқуқдонҳои мустақил дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ боздошт шудаанд."
Гуфтугӯ