Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз занозании муҳоҷирон "380 касро бурданд"


Занозании муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар наздикии "Лахта Сентр"
Занозании муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар наздикии "Лахта Сентр"

Баъд аз занозании муҳоҷирон дар Санкт-Петербург, ки сабабҳои сар заданаш то ҳанӯз рӯшан нест, 380 нафарро ба идораи пулис бурда, чаҳор касро дастгир кардаанд.

Саҳифаи "ВЧК-ОГПУ" рӯзи 5-уми июн дар Телеграм навишт, ки занозанӣ дар наздикии "Лахта Сентр", сохтмони вобаста ба ширкати "Газпром", бегоҳии 3-юми июн сурат гирифт.

"Занозанӣ аввал дар ошхонаи ҷойи кори муҳоҷирон сар шуда, сипас ба кӯча гузашт," – навиштааст манбаъ.

Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид ва то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашру паҳн шуд, ҳангоми занозанӣ муҳоҷирон натанҳо мушту лагад, балки арматура ва сангу сарпӯшро ба кор бурдаанд.

"Дар натиҷа як зодаи Қирғизистон ба бемористон бурда шуд," – омадааст дар хабари "ВЧК-ОГПУ".

Ба иттилои манбаъ, сабабгорони занозанӣ муайян ва чаҳор зодаи Қирғизистон ҳамчун саркадаҳои занозанӣ боздошт шудаанд. Маълум нест, муҳоҷирони боқимондаро ҷазо додаанд ё не. Далели занозанӣ ҳам гуфта нашудааст. Ибтидо гуфта мешуд, зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳам даргир шудаанд. Дертар бархе аз қирғизҳо гуфтанд, занонзанӣ байни онҳо ва зодагони Узбекистон сар задааст.

Бунёди "Лахта Сентр" дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад. Садҳо зодаи Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон дар онҷо кор мекунанд.

"Лахта Сентр"
"Лахта Сентр"

Тақрибан се ҳафта пеш маъмурони интизомии Русия дар атрофи он амалиёт гузаронда, чанде аз муҳоҷирони тоҷик ва узбекро боздошту латукӯб карда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG