Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чашмпӯшӣ" ба фурӯши замин. Додситони Ёвонро барканор карданд


Маҳмуд Шарифзодаро ба гумони “чашмпӯшӣ” ба мавридҳои “ғасбу фурӯши замин” аз мақом гирифтаанд
Маҳмуд Шарифзодаро ба гумони “чашмпӯшӣ” ба мавридҳои “ғасбу фурӯши замин” аз мақом гирифтаанд

Маҳмуд Шарифзода, додситони ноҳияи Ёвон, ба гумони "чашмпӯшӣ" ба мавридҳои "ғасбу фурӯши замин" аз мақом барканор шудааст.

Фармонро ҳафтаи гузашта Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, содир намуд.

Ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми июн гуфтанд, ки фаъолияти Маҳмуд Шарифзодаро кумисюне аз Додситонии кул таҳқиқ мекунад.

Ба гуфтаи онҳо, дар ноҳия даҳҳо мавриди "истифодаи ғайриқонунии замин" ошкор шудааст, ки додситонии Ёвон ҳамчун ниҳоди нозири риояи қонунҳо ба онҳо чашм пӯшидааст.

Талошҳои мо барои дарёфти назари Шарифзода ва ё шахсони наздик ба ӯ ҳанӯз натиҷа надод.

Маҳмуд Шарифзода соли 2020 додситони ноҳияи Ёвон таъйин шуда буд ва маъмулан додситонҳо панҷ сол ҳаққи кор дар як ноҳияро доранд.

Фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии заминро дар Тоҷикистон як “дарди бедаво” меноманд.

Ба эътирофи мақомот, дар чанд соли охир дар садҳо гектар замини кишоварзӣ сокинон хона сохтаанд, ки хилофи қонун аст.

Коршиносон сабаби идома ёфтани ғасби заминро дар ҷой доштани фасод дар ҳукумату мақомоти интизомӣ меноманд, ки садди ислоҳи вазъ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG