Маъракаи васеъ зидди муҳоҷирон ва ҳам латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар Русия. Такрори ба маротиб бузургтари ҳодисаҳои соли 2011. Ба гуфтаи яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, “шикори тоҷикон дар Русия”. Чӣ шуд? Чаро чунин маъракае пеш омад? Як равиши муқаррарӣ аст ё воқеан маъракаи бузург?
Баҳси навбатӣ дар "Гапи озод" дар бораи сабабҳои афзоиши азияту озори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. Меҳмонон: Абдулло Давлатов, корманди Академияи хидмати давлатии тобеи президенти Русия ва Зафари Суфӣ, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ.
Мирзонабии Холиқзод: Абдулло Давлатов, даҳсолаҳо боз дар Русия кору зиндагӣ мекунед, суҳбатро аз шумо шуруъ мекунем. Назаратон чист? Дар Русия бо муҳоҷирон чӣ мегузарад?
Абдулло Давлатов: "Дар амалиёте, ки вақтҳои охир нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мегузарад, ҳеч чизи ғайритабиӣ ё ғайриодиро намебинам. Ин ҷараён бояд чунин пасомад медошт. Шумораи тоҷикон, ки зиёд шуд, табиист, ки чунин бархӯрдҳо хоҳад шуд.”
Мирзонабии Холиқзод: Бинед, шумораи муҳоҷирони кории узбек дар Русия нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик бештар аст, аммо чаро ин ҳолат маҳз ба зодагони Тоҷикистон пеш омад?
Абдулло Давлатов: “Воқеан, шаҳрвандони Узбекистон, ки дар инҷо кор мекунанд, нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон 5-6 маротиба зиёд ҳастанд. Аммо тоҷикистониҳо агар дар соли 2021 дар як рӯз 248 шиносномаи русӣ мегирифтанд, ин шумора дар соли 2022 ба маротиб афзуд. Агар хато накунам, ба 476 нафар расид. Ин рақамҳо тариқи расонаҳо гуфта шуданд ва ин то ҷое мардуми бумиро ба ташвиш овард.”
Мирзонабии Холиқзод: Ҷаноби Зафари Сӯфӣ, рӯйдодҳои Русияро пайгирӣ мекунед, назари шумо чист?
Дар ҷангҳои гуруҳӣ тарафҳо маъмулан заифтаринро мезананд. Мутаассифона, дар ин бозӣ заифтарин Тоҷикистон аст.Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ: “Аз суҳбати ҷаноби Абдулло Давлатов метавон бардошт кард, ки гунаҳкор худи муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, ки саркӯб мешаванд. Боз гуфтанд, муҳоҷирон дар шаҳрҳои марказӣ хеле зиёданд, ки хашм ё нафрати мардуми бумиро меорад. Пас, чаро омаданду донишҷӯёнро латукӯб карданд? Шояд он тавр ки мақомоти Русия ҷангро дар Украина гуфтанд, “спетсоператсия” бошад? Ҳадди ақал дар як ҳафтаи охир мебинем, ки алайҳи тоҷикон ҷанги эълоннашуда роҳандозӣ шуда. Агар ин тавр намебуд, аз Хабаровск шуруъ намешуд. Корҳое, ки мақомоти интизомии Русия дар як ҳафтаи охир анҷом доданд, ҷиноят аст. Ҳеч гуна тавҷеҳ надорад.”
Мирзонабии Холиқзод: Ҳамин рафторе, ки нисбат ба тоҷикон дар Русия идома дорад, манзараи 12 сол пешро ба ёд меорад. Вақте ду лётчик ё халабони рус дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шуданд, Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳудуди сесад муҳоҷирро боздошт кард ва дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав пикет ташкил шуд. Он вақт сабаб маълум буд, ҳоло чӣ?
Ин зулме, ки ба сари тоҷикон шуд, фақат ба сари муҳоҷирони меҳнатӣ наомадааст. Онҳоеро ҳам, ки шиносномаи русӣ доштанд, бурданду зулм карданд.Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов: "Он вақт мо низ вокуниш кардем. Аммо пеш аз он як посух ба гуфтаҳои ҷаноби Зафари Сӯфӣ. Бародари гиромӣ, хуб нест, ки ҳарфҳои як нафарро таҳриф мекунед. Ман ба ҳеч ваҷҳ муҳоҷирон ва тоҷикони Русияро гунаҳкор нашуморидам. Фақат гуфтам, ки шумора зиёд шудааст. Омадан зиёд шудааст. Баръакс, муқобили онҳое ҳастам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ худашоноро одами пешқадам мешуморанду мегӯянд, ки тоҷикон бетамизона рафтор мекунанд. Ба ҳеч ваҷҳ чунин нест. Тоҷикон одобу фарҳанг доранд. Бадбинӣ ё хашми мардуми бумӣ на аз он аст, ки инҳо беодобона рафтор мекунанд. Нисбати ҳодисаи соли 2011. Онҷо омили асосӣ сиёсӣ буд. Русия ҳам мисли кишварҳои дигар дар баъзе ҳолатҳо аз омилҳои сиёсӣ истифода мекунад. Мо соли 2011 ва пеш аз он ҳам вокунишҳо мекардем. Он вақт фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ будам. Вале ҳозир, дар ин навбат, ҳеч бозии сиёсии пасипардагӣ нест. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз бозиҳои пасипардагӣ мегӯянд, онҳоро фаҳмида мешавад, дунболи манфиатҳои сиёсии худ ҳастанд, вале чаро коршиносони Тоҷикистон ин мавзуъро бардоштаанд ва афсонабофӣ мекунанду мардумро афсун? Баъд аз воқеаи донишҷӯён дар Хабаровск ба чанд нафар аз фаъолон, ба қавле фарҳехтагон, пешниҳод кардам, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратура нома нависем, то пулис қонуншиканӣ накунад. Ҳамаи онҳо ба як забон мегӯянд, ки кадом бозии сиёсии пасипардагӣ аст. Бовар кунед, ҳеч бозии сиёсии пасипардагӣ нест. Ба ман гӯед, ки Тоҷикистон кадом дархости Русияро иҷро накардааст, ки бо зулм ба сари муҳоҷирон манфиатҳои худро пуштибонӣ кунад? Худи президенти Тоҷикистон дар нишасти Қазоқистон дар пеши Путин гила карда буд, ки ҳар чизе шумо гӯед, мо иҷро мекунем, чаро дархостҳои одитарини моро Русия иҷро намекунад. Ҳамин далели он аст, ки Русия бо Тоҷикистон ҳеч мушкил надорад. Калонтарин пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон аст. “Окно” дар Тоҷикистон аст. Русия ҳар чи мехоҳад, дар Тоҷикистон мекунад, муҳтоҷи ҳеч бозии пасипардагӣ нест.”
Мирзонабии Холиқзод: Зафари Сӯфӣ, ангезаи аслӣ чӣ буда метавонад?
Зафари Сӯфӣ: “Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳеч изҳороти расмӣ дар ин маврид аз ҷониби Русия нашудааст, чи ман мегӯям, чи ҷаноби Абдулло Давлатов ё дигарон, бар мабнои ҳадсу гумонҳо ва таҳлилҳои атрофи ҳодисаҳо аст. Ҳоло мегӯем, ки сиёсӣ нест. Бибинед, Русия як кишвари демократии хеле мардумсолор нест. Ҳамаи мо медонем, ки Русия як кишвари худкома аст, ба мисли Тоҷикистон. Дар чунин кишваре, аз Хабаровск шуруъ карда то Маскаву Санкт-Петербург ва гӯшаҳои дигар якбора муҳоҷиронро латукӯб мекунанд. Агар ин сиёсӣ нест, пас, чӣ сиёсӣ аст? Агар пушти ин ангезаи сиёсӣ ё ҳадафҳои ҳукумати Русия нест, ҳадафи кӣ аст? Нерӯи интизомии Русия тобеи Кремлин нест? Аз ҷойи дигар дастур мегирад? Ба назари ман, авзои дохилии Русия тағйир мекунад. Табиист, ки ба самти хубӣ нест. Авзоъ мушкилтар мешавад. Ин қадар таҳриме, ки рӯйи як кишвар омада, ҳарчанд қудратманд ҳам бошад, асаргузор аст. Норизоятии мардум хоста ё нохоста боло меравад. Мегӯянд, тоҷик зиёд шудааст. Худатон гуфтед, ки узбекҳо ҳам зиёданд. Чаро бештари ин таъкидҳо рӯйи тоҷик мешавад? Як намояндаи порлумон баланд мешаваду мегӯяд, ки бояд “баталйони тоҷикӣ” сохт. Аз тарафи дигар чаро фақат муҳоҷиронро заданд? Чаро шаҳрвандони тоҷики Русияро назаданд? Фикр мекунам, бо фишор овардан теъдоди бештари тоҷиконро шаҳрванди Русия карданӣ ҳастанд. Яке аз роҳҳо метавонад ин бошад. Як далели дигар норизоятии Русия аз кадом амалкард ё сухани дастнишондааш Эмомалӣ Раҳмон. Дар ҷангҳои гуруҳӣ тарафҳо маъмулан заифтаринро мезананд. Мутаассифона, дар ин бозӣ заифтарин Тоҷикистон аст. Узбекистон барои худаш нерӯи низомӣ дорад. Ҷамъияти зиёд дорад, метавонад вокуниши шадидтар кунад. Қазоқистон дар Русия он қадар муҳоҷир надорад."
Видеоро дар инҷо бинед:
Мирзонабии Холиқзод: Баъзе аз корбарон мегӯянд, Русия ҳамеша муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун абзори фишор ба раҳбарияти Тоҷикистон истифода мекунад. Ба ин мантиқ, воқеаҳои охир чӣ паём дошта метавонанд барои ҳукумати Тоҷикистон?
Абдулло Давлатов: “Пеш аз ин як гапро гӯям. Ин зулме, ки ба сари тоҷикон шуд, фақат ба сари муҳоҷирони меҳнатӣ наомадааст. Онҳоеро ҳам, ки шиносномаи русӣ доштанд, бурданду зулм карданд. Чаро Русия чунин вокуниш кард? Онҳо ба даъвати мардум ҷавоб доданд. Агар дида бошед, пеш аз инки тоҷикшикор оғоз шавад, дар чандин расона наворҳое пайдо шуд. Мардуми бумӣ аз минтақаҳои гуногун аз ҳукумат хостанд, ки онҳоро аз тоҷикон муҳофизат кунад. Табиист, ки Кремлин тариқи сохторҳои қудратияш аз мардуми худ пуштибонӣ кард. Он чизе, ки ҷаноби Зафари Сӯфӣ гуфтанд, пас аз таҳримҳо дар Русия мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо шудааст. Барои онки ин боз ҳам сахттар нашавад, табиист, ки чора мебинанд. Вале мушкилие дар муносибати расмии Тоҷикистону Русия нахоҳад буд. Ҳар дархосте, ки Русия дорад, Тоҷикистон ҳамонро иҷро мекунад.”
Мирзонабии Холиқзод: Бархе аз муҳоҷирон ишора ба ин мекунанд, ки гуё тоҷикҳое, ки душаҳрвандӣ доранду аз рафтан ба ҷанги Украина худдорӣ мекунанд, сабаби хашми мақомоти Русия шудааст. Ба назари мақомоти Русия онҳо аз имтиёзҳо истифода мекунанд, вале дар рӯзи танг дастгирӣ намекунанд...
Зафари Сӯфӣ: “Агар ин чиз хашми Русия оварда буд, метавонистанд сад нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд. Бидуни ҳеч латукӯб, бехатар ва бе ҳеч дарди сар анҷом мешуд. Арз мекунам, тасмим сиёсӣ аст. Ба ҳар далел ки набошад, чи бихоҳанд дигаронро битарсонанд ё чи бихоҳанд ризояти мардуми дохилро ба даст биоранд. Дар мавриди инки оё ба муносибати Тоҷикистону Русия таъсир дорад ё не. На. Барои Тоҷикистон ҳеч гуна фишор лозим нест. Мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон дастнишондаи Русия аст ва ҳар чизе инҳо гуфтанд, анҷом медиҳад. Шояд дар баъзе мавридҳо, ки дар ростои манфиатҳои хонаводаи худи Раҳмон бошад, гузашт накунад. Дар мавриди миллат роҳат гузашт мекунад.”
Абдулло Давлатов: “Ҳама ошиқи Русия ҳастанд, вале афсӯс мехӯранд, ки онҳоро эҳтиром намекунанд. Фарҳехтагони миллати мо ба гиряву нола одат кардаанд. Ҳеч касе нест, ки амал кунад. Барои чи узбекҳову дигаронро зулм намекунанду фақат тоҷикҳоро? Барои онки онҳо тавоноянд, амал мекунанд. Онҳо дар Русия ширкатҳои хуб доранд, ҷамъиятҳои хуб доранд. Тоҷикон ҳеч чиз надоранд. Шахсан бо чандин докторҳои илму пулдорҳову миллиардерҳо, натанҳо миллионерҳо ҳастанд инҷо, чанд дафъа суҳбат кардам, ки як ҷамъияти хубу таъсиррасон дошта бошем. Дар онҳо ҳувияти миллӣ нест. Дар онҳо фақат гиряву нола ҳаст.”
Зафари Сӯфӣ: "Шояд дигарон ҳам ин корро кардаанд, аммо намегӯянд. Он рӯшанфикроне, ки гап мезананд, вазифаашон шояд гуфтан аст. Як нависанда қарор нест, ки биояд ва дунболи ҷамъият сохтан бошад. Кори амалии як хабарнигор аст, ки матлаб менависад. Ҳукумати заиф миллати моро дар ҳолати заъф қарор додааст. Ман аз ҳукумати Русия гила надорам. Ман аз ҳукумати Тоҷикистон гила дорам. Аз ин норозиям. Ин ҳукумати заифу худкома буд, ки Каромат Шарифов ва Иззат Амонро ба чи ҳол овард.”
Мирзонабии Холиқзод: Агар ҳоло Каромат Шарифов зинда ва дар Маскав мебуд ва ҳам Иззат Амон дар зиндони Тоҷикистон не, балки дар Русия мебуд, мешавад, гуфт, вазъ тағйир мекард?
Зафари Сӯфӣ: “Бале, табиист, ки аз як бахши муҳоҷирон, ки латукӯб шуданд, пуштибонӣ мекарданд. Як нафаре буд, ки ҳадди ақал ба ниҳодҳои Русия мерафту суҳбат мекард. Имрӯз, мутаассифона, қариб ки ҳеч кас намондааст.”
Мирзонабии Холиқзод: Роҳи ҳалли ин мушкил аз нигоҳи Шумо чист? Кӣ бояд чӣ кунад? Ҳукумати Тоҷикистон, ки аз рӯйи қонун бояд ҷону моли шаҳрвандонашро дар саросари ҷаҳон ҳимоят кунад, бояд чӣ кор кунад? Худи муҳоҷирон чӣ?
Абдулло Давлатов: “Ҳукумати Тоҷикистон сафири Русияро даъват кард. Сафорати Тоҷикистон ҳам изҳорот дод. Дар чорчӯби масъулиятҳои худашон ва тавоне, ки доранд, ҳамаи корҳоро мекунанд. Агар дар намояндагиҳои гуногуни Тоҷикистон дар Русия, фарз кардем, сад ё дусад нафар ҳам бошанд, наметавонанд ба зиёда аз як миллион тоҷики Русия кумак кунанд. Агар тоҷикон худашон тақдири худашонро ба даст нагиранд, ҳеч беҳбудӣ намешавад.”
Зафари Сӯфӣ: “Ду роҳи ҳал ҳаст. Муваққатан самти муҳоҷиратро тағйир бидиҳанд. Дар дохил ҷойи кор биофаранд. Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар дохил барои зиндагии борифоҳи ҳар шаҳрванд вазифаашро анҷом диҳад. Мутаассифона, то ҳол ҳеч вазифаашро анҷом намедиҳад дар ин самт. Агар анҷом медод, муҳоҷирати тоҷикон ба Русия ё кишварҳои дигар рӯз ба рӯз кам мешуд. Мутаассифона, муҳоҷирати тоҷикон рӯз ба рӯз бештар мешавад.”
Гуфтугӯ