Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даъват"-и сафири Русия дар Душанбе. Вокуниш ба боздошти муҳоҷирон


Мулоқот бо сафири Русия дар Душанбе. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Мулоқот бо сафири Русия дар Душанбе. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар пайванд ба боздошт ва латукӯби дастҷамъии муҳоҷирони корӣ дар Русия вокуниш кард.

Тайи рӯзҳои охир тафтишу боздошт, латукӯб ва ихроҷи гуруҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар гӯшаҳои Русия сабт шудааст. Мақомот то ин дам шарҳе намедоданд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ хомӯшӣ ихтиёр кардааст.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 24-уми май сафири Русияро дар Душанбе ба суҳбат даъват кардаанд.

Ба хабари вазорат, "нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия расонида шуд."

Дар ин вохӯрӣ боздошту латукӯби бештар аз сад донишҷӯйи тоҷик дар Хабаровск низ баррасӣ гардидааст.

"Таъкид шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд," – гуфта шудааст дар эъломияи ВКХ.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар номае ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова хостааст, сабабҳои бархурдро бо донишҷӯёни тоҷик дар Хабаровск дақиқ кунад.

Умед Бобозода гуфтааст, "дар натиҷаи латукӯби бераҳмона якчанд донишҷӯи тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштаанд ва ба ҷарроҳӣ ниёз доранд."

Беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия рӯзи 19-уми май аз сӯйи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск латукӯб ва шиканҷа шуданд.

Ба хабарҳои расида аз Русия, танҳо дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав садҳо муҳоҷири тоҷикпро дастгиру шиканҷа кардаанд.

Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербург гуфтанд, ки нерӯҳои вижаи пулис рӯзи 19-уми май ҳуҷҷати онҳоро тафтиш ва иддаеро азият додаву бо худ бурдаанд. Далели рафтори мақомоти Русия маълум нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG