Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: гандуми Русия бо тамғаи "қазоқӣ" ба Тоҷикистон содир мешавад


Дар порлумони Қазоқистон гуфтанд, ки бо "ҳуҷҷатҳои сохта" аз Русия ба ин кишвар ғайриқонунӣ гандум ворид мешавад.

Хабаргузории "Kazinform" бо истинод ба суханони Андрей Лукин, вакили Сенати порлумони Қазоқистон иттилоъ дода, ки аз Русия ба ин кишвар тибқи як нақшаи устувор, гандум бидуни ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда ворид карда мешавад.

Вакили қазоқ сабаби ин корро "набудани низоми ҳисобдорӣ ва назорати молҳои воридотӣ аз Русия" номидааст.

Ба гуфтаи Лукин, Русия ва Қазоқистон бо содироти ғаллаи русӣ таҳти тамғаи қазоқӣ аз имтиёзҳои пешбинишудаи андозӣ истифода мебаранд. "Андозсупорандагони беинсоф беҷазо мемонанд ва ба буҷа андоз ворид намешавад", - гуфтааст ӯ.

Андрей Лукин иддао карда, ки гандуми Русия баъди ҳуҷҷатгузорӣ ба Узбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамчун маҳсулоти Қазоқистон содир мешавад.

XS
SM
MD
LG