Масъулони сафорати Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳамлаи нерӯҳои вижа ё ОМОН-и Русия ба донишҷӯёни тоҷик дар хобгоҳи Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур даҳ кас маҷруҳ шудаааст. Донишҷӯён теъдоди осебдидаҳоро бештар мегӯянд.
Рӯзи 19-уми майи имсол беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи давлатии Комсомолскии лаби Амур (Хабаровск) аз сӯйи нерӯҳои вижаи Русия латукӯб ва шиканҷа шуданд. Ба нақли донишҷӯён, дастаи ОМОН ба хобгоҳ даромада, бе огоҳӣ ва пурсиш онҳоро зад.
Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар хабарномае рӯзи 30-юми май гуфтанд, бо донишҷӯён дар Хабаровск вохӯрданд. Онҳо вазъи маҷруҳонро муътадил" номида, гуфтаанд, барои ҳалли одилонаи қазия талош доранд.
Баъзе аз донишҷӯён бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба мулоқоти намояндагони сафорат нарафтанд, чун қабл аз вохӯрӣ аз онҳо талаб шудааст, ки "бе риш биоянд".
"Баъзе аз донишҷӯён аз тарс нарафтанд. Гуфтанд, агар бо риш раванд, мумкин аст, мушкил пеш биояд. Шумораи ками донишҷӯён ба мулоқот ҳозир шуданд. Пас, мақомот ҳамон теъдоди камро осебдида ҳисоб кардаанд, вагарна шумораашон бисёр аст," – нақл кард яке аз донишҷӯён.
Пас аз нашри хабари латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи лаби Амур сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуд. Мақомот гуфтанд, нигаронии худро ба сафир расонданд ва хоҳони таҳқиқи ҳодиса шуданд. Айни дархостро Омбудсмени Тоҷикистон ҳам кардааст.
Дар ним моҳи охир дар Русия боздошту азияти муҳоҷирон аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти дастҷамъии муҳоҷиронро маъракаи аз пеш барномарезишуда алайҳи муҳоҷирон медонанд. Мақомоти Русия сабаби чунин бархурдро шарҳ намедиҳанд.
Гуфтугӯ