Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар як варзишгоҳ дар ноҳияи Можайскии пойтахти Русия дастгир кардаанд.
Шарҳи расмии боздошти онҳо маълум нест.
Расонаҳои Русия аз қавли мақомот навиштанд, ки боздошти муҳоҷирон шоми 28-уми май ва бар асоси муроҷиати сокинони маҳаллӣ сурат гирифт.
Онҳо шикоят кардаанд, ки муҳоҷирони тоҷик наврасонро аз варзишгоҳи мактаб дар кӯчаи Беловежский ронда, худ сабқати футбол ташкил кардаанд. Даъво исбот нашудааст.
Назари муҳоҷирон маълум нест. Дақиқ нест, ки байни онҳо ва сокинони маҳаллӣ баҳсе сар задааст ё не.
Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки даҳҳо муҳоҷирро дар як саф аз майдон берун мебаранд. Дар видеои дигар гурӯҳе аз муҳоҷирон дар рӯйи замин хобонда шудаанд ва маъмури пулис яке аз онҳоро мезанад.
Наворро дар инҷо бинед:
Тайи ҳафтаҳои охир боздошти муҳоҷирони тоҷик дар гӯшаҳои Русия афзудааст.
Дар ин муддат шикояти гурӯҳии сокинони Русия ба зидди муҳоҷирони тоҷик низ бештар шуда. Аксари онҳо даъво доранд, ки гуё муҳоҷирон ҷойи онҳоро танг кардаанду рафтори муносиб надоранд.
Баъзе аз муҳоҷирон бе зикри ном шикоятҳо ва боздоштҳои пайиҳамро нақшарезишуда медонанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаашон, танҳо муҳоҷирони тоҷик ҳадаф гирифта шудаанд.
Ҳафтае пеш айни чунин ҳодиса дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав сар зада буд. Дар онҷо сокинон шикоят карданд, ки муҳоҷирон варзишгоҳи кӯдакони маҳалларо аз худ карда, оромии мардуми атрофро халалдор намуданд.
Дар пайи муроҷиати видеоии сокинони ин шаҳрак алайҳи муҳоҷирон амалиёти густурда ташкил шуда, садҳо нафар боздошт шуд. Як масҷиди муҳоҷиронро дар Котелники бастанд.
Баъд аз сару садоҳои зиёд дар охири ҳафтаи гузашта мансабдорони Тоҷикистон ба боздошти муҳоҷирон вокуниш карда, хоҳони баррасии ин ҳодисаҳо шуданд. Ба назар мерасад, вазъ чандон тағйир накардааст. Муроҷиату шикоят зидди муҳоҷирон ва боздошти онҳо низ кам нашуда.
Гуфтугӯ