Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз истирдоди як ҷавони тоҷик аз Полша ба Душанбе пешгирӣ шудааст


Сорбон Абдураҳимзода бо ду фарзандаш. Акс аз бойгонии хонавода
Сорбон Абдураҳимзода бо ду фарзандаш. Акс аз бойгонии хонавода

Аз истирдоди як ҷавони тоҷик аз Лаҳистон (Полша) ба Душанбе пешгирӣ шудааст.

Пайвандонаш гуфтанд, Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола рӯзи 28-уми май бо пойфишории вакилони мудофеъ аз Фурудгоҳи Варшава пас гардонда шуд.

Вай ба гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон таҳти пайгард буда, дар урдугоҳи паноҳандагон дар марзи Полша бо Украина мезист.

Пӯлодҷон Абдураҳимзода, падари Сорбон Абдураҳимзода, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати истирдод фарзандашро дар Тоҷикистон "азияту шиканҷа ва эътирофи маҷбурӣ ба гуноҳи нокарда" интизор аст.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач мегӯяд, ин нуктаро Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо ҳафтае пеш тасдиқ кардааст.

"Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо аз ҳукумати Полша хост, ки Сорбон Абдураҳимзодаро ба Тоҷикистон нафиристад. Бо сабабҳои барои мо норӯшан ӯро субҳи якшанбе ба Фурудгоҳ оварданд. Мо ба мақомоти масъули Лаҳистон фаҳмондем, ки ӯро дар Тоҷикистон азият медиҳанд," – шарҳ дод вакил рӯзи 28-уми май.

Назари ҷониби Тоҷикистон ва иттиҳоми зидди Сорбон Абдураҳимзода маълум нест. Падараш мегӯяд, мақомот ӯро барои гуё "лайк"-гузорӣ дар зери навори мухолифон муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтааш “асос надорад”.

Ба нақли ӯ, оилаи онҳо дар Украина мезист ва пас аз ҳамлаи Русия ба Лаҳистон кӯчид. "Писарам талош дорад, ки иҷозатнома гирад ва ба назди фарзандонаш ба Олмон равад. Ҳоло истирдоди ӯ пурра боздошта шуд. То ду рӯзи дигар Додгоҳи Лаҳистон низ қарорашро мебарорад," – мегӯяд ӯ.

Аз соли 2015 ба ин тараф гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст. Чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар тасмими Олмонро танқид карда, раҳоияшро аз Тоҷикистон хостанд, вале акси садое нагирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG