Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода хост, шиканҷаи донишҷӯён ва рейди зидди муҳоҷирони тоҷик дар Русия холисона таҳқиқ шавад


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон. Ноябри соли 2022, Душанбе
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон. Ноябри соли 2022, Душанбе

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз мақомоти Русия хостааст, ҳодисаи шиканҷаи донишҷӯёни тоҷик дар Хабаровск ва боздошти муҳоҷирон дар шаҳраки Котелники мунсифона таҳқиқ шавад. Ба дунболи даъвати сафири Русия ба ВКХ Тоҷикистон ва муроҷиати ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ҳамкори русаш, вазири умури дохилӣ ҳам расидагии одилона ба қазияи азияту шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистонро тақозо кардааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри хабарномае рӯзи 26-уми май гуфт, Рамазон Раҳимзода, дар робита ба ин ҳодисаҳо ба Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия барқияи фаврӣ ирсол кард. Вазир аз ҳамтои русаш даъват кардааст, ки ҷиҳати “баррасии мунсифонаи” латтукӯб ва шиканҷаи беш аз 100 донишҷӯи тоҷик ва рейди мақомоти Русия зидди муҳоҷирон дар шаҳраки Котелникиву дигар минтақаҳои Русия мусоидат кунад ва санҷиши ин ҳодисаҳоро таҳти назорати худ бигирад.

Рӯзи 19-уми май беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи давлатии Комсомолскии лаби Амур дар минтақаи Хабаровск аз сӯйи нерӯҳои вижа ё ОМОН латукӯб ва шиканҷа шуданд. Ба гуфтаи донишҷӯён, дастаи ОМОН ҳамроҳи кормандони Хадамоти нерӯҳои федеролӣ ба хобгоҳи донишгоҳ омада беогаҳӣ ва пурсише онҳоро бераҳмона заданд.

Боздошту тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар шаҳру минтақаҳои Русия таи як ҳафтаи ахир афзоиш ёфтааст. Пулиси Русия шаби 23 ба 24-уми май наздик ба 100 муҳоҷири дигари тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карданд. Аксари муҳоҷирон беамалии сафорати Тоҷикистон дар робита ба ин боздоштҳоро танқид мекунанд. Мақомоти Русия сабаби тафтишу боздошт ва латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистонро нагуфтанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодисаҳо рӯзи 24-уми май сафири Русияро дар Душанберо барои сӯҳбат ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карданд.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар номае ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова хостааст, сабабҳои бархурдро бо донишҷӯёни тоҷик дар Хабаровск дақиқ кунад.

XS
SM
MD
LG