Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи чоруми Бузургмеҳр Ёров ба додгоҳ рафтааст


Пайвандони Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик мегӯянд, баъди оғози парвандаи нав ва чаҳорум алайҳӣ ӯ ва ирсоли як нома аз зиндон аз моҳи январ ба ин сӯ ӯро дигар надидаанд ва аз ҳолаш хабари дақиқ надоранд. Охирин бор ӯ моҳи январи имсол бо пайвандонаш дар зиндон мулоқот доштааст. Баъд аз ин наздиконаш аз оғози парвандаи чаҳорум нисбати ӯ ва ин бор бо “ҷурми” қаллобӣ хабар доданд.

Ҳуриниссо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, вакили дифои ӯ ахиран барояшон хабар додааст, ки парвандаи адвокати зиндонӣ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин вакили дифоъро барои намояндагӣ аз ҳуқуқи Бузургмеҳр Ёров давлат таъин карда буд. Вай гуфтааст, масъулияташ анҷом ёфт ва дигар аз ҳаққи Бузургмеҳр Ёров ҳимоя намекунад.

Ҳуриниссо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёрови 52-сола ва маҳкумшуда ба 28 соли зиндон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Адвокаташ занг заду гуфт, ки парвандааш ба додгоҳ фиристода шуд, вале нагуфт ба кадом додгоҳ. Пурсидем, ки “акнун чӣ мешавад?”, гуфт, ки ӯ то анҷоми тафтишот бо парванда машғул буд ва акнун, ки ба додгоҳ фиристода шуд, «дигар ҳимоят нахоҳад кард”. Ӯ дигар ба зангҳои мо ҷавоб ҳам надод”, – гуфт Ҳуриниссо Исҳоқова.

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад. Ҳомиёни ҳуқуқ Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки озод шавад. Вале будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.

Ба гуфтаи пайвандон, Бузургмеҳр Ёров баъди нигаҳдорӣ дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба Боздоштгоҳи рақами яки воқеъ дар шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст, вале ба ҷуз ин ки барояш ғизо мебаранд, аз ҳолаш ҳеҷ хабаре надоранд. Масъулони ин боздоштгоҳ дар Душанбе ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд ва мақомоти тафтишотии Вазорати умури дохила ҳам аз посух ба суолҳои мо худдорӣ карданд.

Парвандаи нав ва чаҳорум нисбати Бузургмеҳр Ёров аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД ва бар асоси шикояти як маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат боз шудааст. Ба қавли наздиконаш, Бузургмеҳр Ёров дар як нома аз зиндон ҷузъиёти парвандаро шарҳ дода, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯбарӯ кунанду ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷоза диҳанд, ки дар рафти тафтишот ширкат намоянд.

Мақомоти тафтишот ба ин иҷоза надодааст. Пайвандони адвокати зиндонии тоҷик гуфтанд, баъди расонаӣ шудани ин нома, ӯро барои ду ҳафта ба утоқи ҷаримавӣ ё ШИЗО интиқол доданд. Ҳоло, ба гуфтаи наздикон, ӯ раҳо шуда, дар Боздоштгоҳи мувақатӣ қарор дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG