Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорат: муҳоҷирони боздоштшуда дар Котелники озод шуданд


Ин муҳоҷирон шаби 23 ба 24 май боздошт шуданд
Ин муҳоҷирон шаби 23 ба 24 май боздошт шуданд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт шуданд, "пас аз тафтиши санадҳояшон озод шудаанд." Радиои Озодӣ феълан наметавонад мустақилона ин хабарро тасдиқ кунад.

Дар изҳороти Сафорат, ки 25-уми май пахш шуд, гуфта нашудааст, ки дар умум чӣ қадар муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники боздошт шуданд ва сабаби дастгир шуданашон чист. Масъулини Сафорат танҳо гуфтаанд, мавзӯи боздошти муҳоҷирон дар шаҳраки Котелникиро пайгирӣ доранд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам ахиран аз ҳамтои русаш хост, барои "холисона баррасӣ намудан"-и қазияи боздошти муҳоҷирон ва латукӯби донишҷӯёни тоҷик мусоидат намояд. Пеш аз ин масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам сафири Русия дар Душанберо даъват карда, аз боздошти гуруҳии муҳоҷирон ва латукӯби донишҷӯён нигаронӣ карданд.

Пулиси Русия шаби 23 ба 24-уми май наздик ба 100 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт кард. Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, ин теъдод муҳоҷиронро аз қаҳвахонаҳои “Дидор”, “Роҳат”, “Амина” ва “33 Ҳаус бурданд. Ду шаб пештар аз он сесад нафарро дастгир карданд.

Беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия рӯзи 19-уми май аз сӯйи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск латукӯб ва шиканҷа шуданд.

Мақомоти Русия сабаби тафтишу боздошт ва латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистонро нагуфтанд. Мақомоти Русия танҳо тасдиқ карданд, ки рӯзи 17-уми май дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав як масҷидро баста, нисбат ба муҳоҷирон 34 санади маъмурӣ тартиб доданд. Тафтиш пас аз муроҷиати видеоии сокинони маҳаллӣ ба раиси ҷумҳурии Русия сурат гирифтааст. Онҳо иддао карданд, ки шаҳрак ба “анклави тоҷикон” табдил ёфта, зиндагиро барояшон таҳаммулнопазир гардондааст.

XS
SM
MD
LG