Масъулони Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия сабаби латукӯби донишҷӯёнро аз тарафи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск шарҳ додаанд.
Дар ҷаласае, ки рӯзи 24-уми май дар ин Донишгоҳ бо донишҷӯён баргузор шуд, гуфтаанд, амалиёти низомиён дар хобгоҳ эҳтимол ба боздошти як муҳассили тоҷик рабт дошт. Ӯро ба гумони "фиристодани пул ба террористон" дастгир кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси донишгоҳ Эдуард Дмитриев дар Телеграм латукӯби дастҷамъии донишҷӯёнро рад кардааст. Ба қавли ӯ, маъмурони хадамоти муҳоҷират дар донишгоҳ санҷиш гузаронданд.
"Ҳангоми тафтиш чор донишҷӯ аз Тоҷикистон ба пулис халал расонданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин ҳолат пешгирӣ карданд," -- афзудааст ӯ.
Беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия рӯзи 19-уми май аз сӯйи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск латукӯб ва шиканҷа шуданд.
Ба гуфтаи донишҷӯён, дастаи ОМОН ҳамроҳи кормандони Хадамоти нерӯҳои федерол дар хобгоҳи Донишгоҳ бе огоҳӣ ва бе пурсиш заданд. Муҳассилони тоҷик гуфтанд, сабаби чунин рафторро намедонистанд.
Як донишҷӯ, ки ба далели амниятӣ нахост муаррифӣ шавад, гуфт, як моҳ пеш як донишҷӯйи тоҷик боздошт шуда буд ва онҳо намедонистанд, сабабаш чист. “Дар ҷаласаи рӯзи 23-юми май гуфтанд, ин амалиёт ба тақҳқиқи ҳамон ҳодиса пайванд дорад. Маъзарат ҳам нахостанд. Танҳо гуфтанд, ки метавонед телефонҳоро гиред,” – афзуд мусоҳиби мо.
Донишҷӯёни тоҷик иддао доранд, ки онҳоро на тафтиш, балки бераҳмона шиканҷа карданд. Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳодиса изҳори назар накардаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ