Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарманди рус аз шаҳрвандии Русия гирифтани тоҷикон нигаронӣ кард


Муҳоҷирон дар навбати патент дар Маскав
Муҳоҷирон дар навбати патент дар Маскав

Як ҳунарпешаи рус аз соҳиби шаҳрвандии Русия шудани ҳазорон муҳоҷир нигаронӣ кардааст ва аз мақомот хостааст, чора бинанд.

Яна Поплавская, ҳунарпешаи 55-солаи рус, ки бо иҷрои нақши "Красная шапочка" ё "Кулоҳсурхак" шинохта мешавад, дар канали телеграми худ аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки агар ин вазъ пешгирӣ нашавад, шаҳрҳои Русия ба “қишлоқҳои Осиёи марказӣ” табдил меёбанд.

Чанд рӯз пеш гурӯҳе аз сокинони шаҳраки Котелникии вилояти Маскав ҳам дар як муроҷиати видеоӣ ба президент иддао карданд, ки 80 дар сади аҳолии ин шаҳрак муҳоҷиронанд ва ин ҷо ба “анклав ё ҷазираи тоҷикон” табдил ёфтааст. Онҳо аз мақомот хостанд, вуруди муҳоҷиронро манъ кунанд.

Баъди ин муҳоҷират дар ин шаҳрак тафтиш ва рейди муҳоҷирон шурӯъ шуд.

Норозигии русҳо аз афзоиши муҳоҷирон дар ҳолест, ки мақомоти Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ барои хориҷиёнро осон кардаанд.

XS
SM
MD
LG