Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба $92 млн. ҳавопаймои президенти Мексикаро харидааст. ВИДЕО


Boeing 787 Dreamliner
Boeing 787 Dreamliner

Ҳукумати Мексика эълон кард, ки ҳавопаймои раиси ҷумҳури ин кишварро ба ҳукумати Тоҷикистон фурӯхтааст. Ин навъи ҳавопаймоҳо асосан барои раҳбарони давлатҳо аст ва сарватмандоне, ки ҳавопаймои хусусӣ мехаранд. Онро ҳукумати Мексика соли 2012 гирифта буд.

Лопез Обрадор, раиси ҷумҳури Мексика, рӯзи 21-уми апрел дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймои "Boeing 787 Dreamliner"-ро ба арзиши 92 миллион доллар фурӯхтанд, ҳарчанд қимати аслиаш 218 миллион доллар аст.

Маълум нест, ки ҳавопайморо ба кадом ширкати Тоҷикистон фурӯхтаанд, аммо раиси ҷумҳури Мексика гуфт, ҷузъиётро ҳафтаи оянда эълон мекунанд.

Ба қавли ӯ, ҳукумати Тоҷикистон 10 рӯз вақт дорад, ин ҳавопаймои гаронарзишро, ки таъмиру нигаҳдориаш ҳам харҷи зиёд дорад, дар ихтиёр бигирад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Ҳавопаймои раиси ҷумҳури Мексика аз соли 2020 дар ангар, маҳалли нигаҳдории ҳавопаймоҳо, "мехобид" ва дар ин муддат фурӯхтанаш чандон осон набуд.

Дар соли 2019 кӯшиш карда буданд, онро ба 130 миллион доллар бидиҳанд, аммо харидор наёфт. Ҳукуматдорони Мексика мехостанд, ҳавопаймои президентро ҳатто дар лотерея гузоранд.

Лопес Обрадор баъд аз фурӯхтани ҳавопаймо изҳори "хушбахтӣ" кард ва афзуд, пули онро ба сохтани ду бемористон дар аёлатҳои фақири Герреро ва Оаксака дар Мексика харҷ хоҳанд кард.

Дохили ҳавопайморо дар навор бинед:

Тоҷикистон ҳавопаймои президенти Мексикаро харидааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG