Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот аз беморие гуфтанд, ки табобаташ дар зиндон душвор аст


Пизишки тоҷик нусхаи ташхиси беморро месанҷад. Акс аз бойгонӣ
Пизишки тоҷик нусхаи ташхиси беморро месанҷад. Акс аз бойгонӣ

Пизишкони тоҷик мегӯянд, бемории сил дар миёни маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Дар як соли гузашта 72 маҳбуси гирифтор ба бемории сил сабт шудааст, ки ба гуфтаи мақомот, нисбат ба солҳои пеш камтар аст.

Дурустии ин оморро ҳеч ниҳоди мустақил ё байналмилалӣ насанҷидааст, вале мақомот мегӯянд, сари вақт ташхису ба табобат ҷалб кардани гирифторони сил сабаби аслии коҳиши беморӣ будааст.

Рустам Нуров, мудири Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ гуфт, дар кишвар 77 дастгоҳи наве насб шудааст, ки фавран вуҷуди бемории сил дар бадани инсонро ошкор мекунанд.

“Ин дастгоҳҳо чубчамикроби силро муайян мекунанд, ба доруҳои зиддисилӣ ҳасосият доштан ё надоштани беморро маълум мекунанд,”--гуфт ӯ.

Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои дар як утоқ нигаҳ доштани беморони сил бо афроди солим танқид карда, шароити зиндонҳоро барои табобати гирифторони ин беморӣ номусоид хонда буданд.

Маълумот дар бораи гирифтории зиндониён ба бемориҳои сироятиро Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ки зиндонҳоро назорат дорад, ошкор намекунад.

Пас аз садо додани танқидҳои зиёд, ҳоло маълумот дар ин бораро метавон дар сомонаи Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мушоҳида кард. Дар охирин гузориши ин ниҳод гуфта шудааст, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ “дар доираи маблағҳои буҷетӣ” маводҳои доруворӣ харидорӣ шудааст, вале “вазъи таъминоти тиббӣ-санитарии маҳкумшудаҳо боз ҳам беҳбудиро тақозо менамояд.”

Зиндониёни собиқ мегӯянд, пас аз роҳ ёфтани намояндагони СММ ба зиндонҳо ва танқидҳои зиёд як андоза вазъ беҳбуд ёфтааст, вале ҳанӯз ҳам мушкил вуҷуд дорад.

Аҳмад, як зиндонии собиқ, ки соли гузашта аз маҳбасе дар шаҳри Ваҳдат озод шудааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди чанд муддати беморӣ дар зиндон ташхис нишон дод, ки ӯ гирифтори бемории сил аст. Ин ҳамсуҳбати мо, ки бо ҷурми ғоратгарӣ нӯҳ сол зиндонӣ шуда буд, гуфт, бо сабаби шароити зиндон ин бемориро тулонӣ табобат кардааст.

“Ҳеҷ нафар дар хонаводаи мо ин бемориро надошт ва фикр мекунам, дар вақти коронавирус ин беморӣ дар ман пайдо шуд. Аввал кам-кам сулфа мекардам, баъд қафаси синаам дард мекарду беҳол мешудам. Вақте ташхис кардам, гуфтанд, ки гирифтори сил шудаам. Чанд муддат дар беморхонаи зиндон табобат кардам. Шояд дар зиндон буданам боис шуд, ки ман ин бемориро тулонӣ пушти сар кунам. Чун медонед, ки шароити зиндон барои табобати ин беморӣ кофӣ нест. Бояд зуд-зуд хуроки гарму серколория хӯред, дар ҷои гарм хоб кард, аммо ба ҳама маълум аст, ки зиндон чунин нест,”--афзуд Аҳмад.

Ба нақли ин ҳамсуҳбати мо, барои мушаххас кардани бемориҳои сироятӣ дар се моҳ зиндониҳоро як маротиба ташхис мекунанд, ки ин кам аст.

Масъулини созмонҳое, ки дар доираи лоиҳаҳои вижае бо ин гурӯҳи маҳбусон ҳамкорӣ ва ба онҳо кӯмак мекунанд, мегӯянд, натанҳо маҳбусони бемор дар шароити хос нигаҳдорӣ шаванд, балки зери назорати қатъии табибон қарор дошта бошанд.

Иқбол Худо, раҳбари созмони “Табибони бидуни марз” дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо бо Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамкории зич дорем, аз чаҳор зиндон дидан кардем. Аз ҷумла, маҳбаси Душанбе ва Норак, ки онҷо занон адои ҷазо мекунанд. Бояд корҳои зиёде барои пешгирии бемории сил анҷом дода шавад. Аз зиндони мардона беморонро ба бемористони марказии назди маҳбас фиристоданд ва дар онҷо беморони силро табобат мекунанд. Табобат дар бемористони назди зиндон сурат мегирад, на дар худи зиндон. Дар маҳбас танҳо муоина карда мешавад.”

Бар асоси омори расмии Вазорати тандурустӣ, танҳо дар соли 2022 дар Тоҷикистон 3925 ҳолати нави сироятёбӣ ба бемории сил ошкор карда шудааст, ки 30 дарсадаш кӯдакон будаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG