Михаил Матвеев, вакили Думаи Давлатии Русия, гуфт, тарҳи қонунеро омода дорад, ки имкон медиҳад муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шаванд.
Ба гуфтаи Матевеев, дар як взвод набояд бештар аз 2 ва ё 3 муҳоҷир бошад, то нигоҳ доштани интизом имконпазир гардад. Вай ҳамчунин афзуд, муҳоҷиронро метавон дар баталйони сохтмонӣ, аз ҷумла дар хати ҷабҳа истифода бурд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ амал мекунад.
Мунтақидон аз пайомадҳои барои давлати Тоҷикистон нохушоянди ин раванд ҳушдор дода, мегӯянд, дар сурати зарурӣ Русия метавонад аз ин гурӯҳи шаҳрвандон барои манфиатҳои худ истифода кунад, аз ҷумла дар ҷанг зидди Украина.
Дар ҳамин ҳол, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, рӯзи 11-уми май гуфт, муҳоҷиронро бояд ба ҷабҳа фиристод, то дар амал собит кунанд, ки сазовори шаҳрвандии Русия ҳастанд.
“Онҳое, ки намехоҳанд уҳдадориро иҷро кунанд, бигзор ба ватанашон баргарданд,” -- хулоса кард ин мансабдори Русия.
Омори дақиқе нест, ки чӣ қадар аз тоҷикони табааи Русия ба ҷанг дар Украина бурда шуданд. То ҳоло дар бораи марги чандин нафар гузориш расидааст. Гузашта аз ин, марги беш аз бист тоҷики зиндонӣ дар Русия дар ҷанги Украина ҳам таъйид шуд.
Гуфтугӯ