Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ назоратро сахт мекунад


Алехандро Майоркас. Акс аз соли 2021
Алехандро Майоркас. Акс аз соли 2021

Алехандро Майоркас, вазири амнияти дохилии Амрико, аз даргирӣ бо муҳоҷирон дар марзи ин кишвар бо Мексика хабар дод. "Таниш дар рӯзҳои охир афзудааст," -- гуфт ӯ.

Майоркас ҳушдор дод, онҳое, ки ғайриқонунӣ марзи Амрикоро мегузаранд, ҷазо хоҳанд гирифт. "Сарҳадҳои мо боз нестанд", - гуфт вай рӯзи панҷшанбе, 11-уми май, дар Кохи Сафед.

Ба иттилои расонаҳои Амрико, ҳафтаи ҷорӣ ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тартиби нави додани паноҳандагиро ҷорӣ кардааст.

Акнун ба бисёрии муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико шудаанд, дар дарёфти паноҳандагӣ посухи рад дода хоҳад шуд.

Омори як ҳафтаи охир нишон додааст, ки танҳо дар як рӯз то 10 ҳазор кас ғайриқонунӣ вориди Амрико шудаанд.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ҷустуҷӯйи кори хубу зиндагии беҳтар тавассути марзи Мексика ба Амрико мегузаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG