Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз 10 соли шебу фароз "Равшан" бо "Суперҷом" ба Кӯлоб баргашт. ВИДЕО


Истиқбол аз дастаи "Равшан" дар Кӯлоб
Истиқбол аз дастаи "Равшан" дар Кӯлоб

Даҳҳо нафар дар Кӯлоб аз бозигарони дастаи футболи “Равшан”, ки бар дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе пирӯз шуда буд, истиқбол карданд.

Рақобати “Истиқлол” ва “Равшан” барои “Суперҷоми Тоҷикистон” рӯзи 6-уми май дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Федератсияи футбол баъди анҷоми бозӣ гуфт, ки 10 ҳазор мухлис ба тамошои он омада буданд.

Дастаи футболи “Равшан” яке аз дастаҳои пурмухлис дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад. 12 сол пеш пас аз бохти ин даста ба дастаи “Истиқлол” мухлисони он норизоӣ ва эътироз карданд. Мақомот дар варзишгоҳ алайҳи мухлисони “Равшан” “бомбаи дудӣ” истифода ва наздики сад нафарро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт карда буданд. Баъди ин моҷаро сарпарастон аз кумак ба ин даста худдорӣ карданд. Он замон мухлисон гуфта буданд, ки алайҳи ноадолатӣ садо баланд карданд, вале саркӯб шуданд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Истиқболи ботантанаи дастаи футболи "Равшан" дар шаҳри Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Ғайраталӣ Мираҳмадов, директори дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мегӯяд, дар Кӯлоб ба истиқболи бозигарон 10 то 15 ҳазор нафар омада буданд. “Дастаи “Равшан “даҳ сол пеш соҳиби ҳамин Суперҷом шуда буд, ки он вақт банда ба ҳайси сармурабӣ кор мекардам, имрӯз бошад, ба ҳайси директор кор карда истодаам, ки боз соҳиби Суперҷом шудем,”—гуфт, ӯ.

Сездаҳ сол пеш, пас аз эътирози мухлисон ва тарки сарапарастон, вазъи даста мушкил шуд ва он имкони ширкат дар бозиҳоро аз даст дода буд.

Зоҳиран, ҳоло даста дубора фаъол шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG