Вазорати умури хориҷии Украина иштироки раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷашни Иди Ғалаба дар шаҳри Москваро "гоми ғайридӯстона нисбат ба Украина" номид, ки "мардумаш барои зинда мондан ва озодӣ мубориза мебаранд".
Вазорати умури хориҷии Украина дар робита ба сафари раҳбарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба Москва дар рӯзи 9 май изҳорот нашр кард.
"Ба иштирокдорон техникаҳои ҳарбии Русия, ки даҳ сол мешавад, дар ҷанги таҷовузкоронаи ин кишвар алайҳи Украина истифода мешаванд, намоиш дода шуд", - омадааст дар изҳорот.
Вазорат афзудааст, ки президенти Русия Владимир Путин дар суханронии худ "куштори украиниҳо, маҳви шаҳрҳои Украина, рабудани кӯдакони украинӣ ва таъқиби сокинони минтақаҳои ишғолшудаи ин кишварро сафед кард".
"Шаби пеш аз ҷашни Русия ба ҷониби Украина 25 мушаки болдор, аз ҷумла 15 мушак ба самти Киев партоб шуд, то сокинонаш бештар кушта ва минтақаҳояш тахриб шаванд", - гуфта мешавад дар изҳорот.