Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гирифторӣ ба сил се баробар кам шудааст". ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки дар даҳ соли ахир мизони гирифторӣ ба бемории сил дар кишвар се баробар кам шудааст.

Дар ин бора масъулин бахши беҳдоштии кишвар дар ҳамоише оид ба табобат ва роҳҳои пешгирии бемории сил дар Душанбе хабар доданд.

Мақомот аз пешрафтҳои кори худ дар роҳи мубориза бо сил гуфтанд ва таъкид карданд, ки ҳоло аз 100 ҳазор нафар 39 кас ба бемории сил гирифтор буда аз 100 ҳазор 1 кас мефавтидааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Аслиддин Раҷабзода, муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз сил “солҳои пештар дар байни 100 ҳазор аҳолӣ, 85 нафар бемор ба қайд гирифта мешуд ва фавт дар байни ҳамин 100 ҳазор 7 нафар ба қайд гирифта мешуд.”

Масъулин яке аз сабабҳои кам шудани бемории силро ба шеваи нави табобат ва фароҳам шудани дастгоҳҳои муосири ташхису муоина пайванд медиҳанд.

Бемории сил дар Тоҷикистон ақибнишинӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Бемории сил ба гуфтаи мутахассисон, гузаранда, вале табобатшаванда аст. Масъулони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон шароит барои муолиҷаи ройгони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил фароҳам шудааст. Вале онҳое, ки аз ин беморӣ азият мекашанд, борҳо аз мушкил дар дастрасӣ ба доруҳои зарурӣ шикоят кардаанд.

Дар шароити хона ва худтабобаткуниву ба хотири ангуштнамо нашудан пинҳон доштани беморӣ аз атрофиён ҳануз ҳам мояи нигаронӣ будааст.

Сафар Наимов, баъди марги ду бародараш аз бемории сил дар даҳ соли пеш эътилофи "Ҳамкорӣ барои боздошти сил дар Тоҷикистон"-ро таъсис дод. Худаш ҳам гирифтори ин беморӣ буд.

Сафар Наимов
Сафар Наимов

Ҳоло аз он хушҳол аст ки ӯ ва ҳамкоронаш ба даҳҳо бемор умеди зиндагии дубора мебахшанд. "Мақсади асосӣ ҳамин буд, ки мо пайваста аз таҷрибаҳои шахсии худ гӯем. Тавассути ВАО ё шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро барои табобати дуруст таблиғ кунем. Нафаре ки худаш таҷрибаи мубориза бо бемориро дораду аз зиндагии худаш мегуяд, таъсири ин дигар аст"- афзуд ӯ.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки шароити номуносиби зиндагӣ ва камбуди ғизои хуб метавонад боиси гирифторӣ ба сил шавад. Навруз Ҷаъфаров, як масъули вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд: “бемории музмин, сатҳи пасти масъуният, шароити иҷтимоӣ, ғизои носолим мусоидат мекунад, ки беморӣ хуруҷ кунад. Бинобар ин мо мегӯем, ки ин беморӣ, бемории иҷтимоӣ аст”.

Соли 2022 дар кишвар наздик ба чаҳор ҳазор гирифтори бемории сил сабт шудааст. Аз ин теъдод 30 дарсад кудакон буданд.

Давраи муолиҷаи беморон шаш моҳро дар бар мегирад. Созмонҳои байналмилалӣ барои таъмини беморони сил бо доруву давоҳои ройгон кӯмк мекунанд.

Мақомоти гуфтанд, барои мубориза бо ин беморӣ дар солҳои 2024 –2026 аз ҳисоби кумакҳои молии бебозгашт ба кишвар беш аз 10 миллион доллар ҷалб мешавад. Масъулин умед доранд, бо ин роҳ ва бо беҳтар кардани шароити беморон мешавад, гирифторӣ ба ин бемориро боз ҳам камтар кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG