Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, пандемияи СОVID-19 сабаб шудааст, ки чанде аз бемориҳои дигари сироятӣ, ба монанди сил ва роҳҳои нафас, кам бишаванд. Мақомот далелашро ба риояи меъёрҳои беҳдоштӣ аз тарси коронавирус, аз ҷумла истифодаи маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пайванд медиҳанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тибқи омори соли гузашта ва соле пеш аз он гирифторӣ ба бемории зуком 16-17 дарсад кам шудааст. Бемории домана дар соли 2021 умуман сабт нашуд. Бемории зардпарвини вирусӣ ба як сатҳи муайян кам ба қайд гирифта шуд.”
Пизишкони шифохонаи сироятии Душанбе коҳиши гирифторони бемориҳои сироятиро тасдиқ мекунанд. Аммо аз он нигаронӣ доранд, ки бо коҳиши хатари сирояти COVID-19 сокинон метавонанд, фориғбол шаванд ва беморӣ дубора бештар шавад.
Муродалӣ Сафаралиев, муовини сартабиби Беморхонаи сироятии Душанбе, гуфт, “нисбат ба солҳое, ки пеш аз коронавирус буд, албатта, гирифторӣ камтар шудааст. Дар беморхона 390 ҷой пешбинӣ шудааст, вале ҳоло танҳо 30 нафар бистарӣ ҳастанд.”
Аммо шубҳаҳо ба дурустии омори расмӣ дар Тоҷикистон боқист. Чун дар авҷи сирояти коронавирус дар кишвар мақомот аз набудани беморӣ ва холӣ мондани шифохонаҳо мегуфтанд, аммо гуруҳи зиёди сокинон дар хонаҳои худ муолиҷа мегирифтанд.
Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор кас ба бемории коронавирус гирифтор шуда, 124 кас ҷони худро аз даст додаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.