Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони футбол аз кист? Баҳси сокинони Исфара бо як соҳибкор то додгоҳ рафт. ВИДЕО


Абдувалӣ Раҳимов, сокини Исфара
Абдувалӣ Раҳимов, сокини Исфара

Гурӯҳе аз сокинон ва волидони мактаббачагони муассисаи таълимие дар шаҳри Исфара талаб доранд, ки дар як майдони холӣ, ки варзишгоҳи наврасон аст, бинои баландошёна насозанд. Мақомоти маҳаллӣ ба сохтмони бино иҷоза додаанд, вале сокинон масъаларо ба додгоҳ кашондаанд.

Ба гуфтаи сокинон, ин майдони холиро наврасону ҷавонони гузарҳои Ҷӯйи боло, Мулдон, Гузари Эшон ва Сайидон ҳамчун варзишгоҳ истифода мебаранд.

Абдувалӣ Раҳимов, сокини Исфара дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар майдон муосбиқаҳои варзишии мактаббачагон ва ҳатто озмунҳои ҳарбӣ баргузор мешавад. “Барои гузаронидани мусобиқаҳои волейболу баскетболу футболи ҳамин маҳалла, ҳатто озмунҳои ҳарбӣ низ ин майдон хизмат мекард. Дар ин тарафи дарё ба ғайри ҳамин варзишгоҳ, дигар варзишгоҳ нест,”—гуфт, ӯ.

Волидони наврасон мегӯянд, хоҳиши онҳоро касе гӯш карданӣ нест ва ин баҳс се моҳ боз идома дорад.

Ҳоло майдонро барои сохтмони бинои баландошёна омода мекунанд. Вале аз наворҳое, ки сокинон се моҳ пеш фиристоданд, дида мешавад, ки наврасон дар ин ҷо ба бозиҳои варзишӣ машғуланд. Ин ҷо ба мактаби рақами 2-и шаҳр наздик аст, ки майдончаи варзишӣ надорад. Ҳарчанд майдони тахрибгардида расман марбути Вазорати маориф нест, онро чандин даҳсола ҳамчун варзишгоҳ истифода кардаанд. Инро бахши маорифи шаҳр низ собит менамояд.

Баҳодур Ғаниев, як омӯзгор гуфт: “Аз солҳои 80 то 90-уми асри гузашта ин майдон тобеъ ба муассисаи таълимии рақами ду буд. Як қисматаш майдони бозии бачаҳо ва як қисматаш майдони омӯзиши ҳарбӣ буд. Таҷҳизоту тоблуҳои тирпаронӣ буд ва дар солҳои бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамин чизҳо нопадид гардид. Вақте ин майдонро дар ихтиёри хоҷагии коммуналӣ гузоштанд, инҷо ба як партовгоҳ мубаддал гашт ва сокинон онро тоза карда, майдони варзишӣ сохтанд,”—гуфт, ин омӯзгор.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Даъво сари замин дар Исфара то президент рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Манучеҳр Валиев, соҳибкоре аз шаҳри Исфара мегӯяд, тибқи як қарори ҳукумати маҳаллӣ охири моҳи январ ба ин замин соҳиб гардид ва нияти сохтани Маркази маишӣ ва истиқоматиро дорад. Дар қарори шаҳрдории Исфара ҳам навишта шудааст, ки “ин қитъаи замин ба Манучеҳр Валиев барои сохтмони ду адад хонаи истиқоматии замонавӣ ва бинои истиқоматии бисёрҳуҷрагии баландошёна дода шавад.”

Пас аз роҳ ёфтани баҳси сокинон бо соҳибкор дар додгоҳ сохтмон дар ин майдон муваққтан боздошта шудааст. Додгоҳ ба фоидаи соҳибкор ҳалнома содир кардааст, вале падару модарон талаб доранд, ки қарор бо назардошти манфиати ҷомеа ва мактабиён бознигарӣ шавад.

Бунёди биноҳои баландошёна солҳои охир ба монанди гӯшаҳои дигари Тоҷикистон дар Исфара низ афзудааст, вале сокинон мегӯянд, сохтмони биноҳои нав мавқеи зисти онҳоро танг ва тақсими обу барқро мушкил мекунад. Масъулони шаҳрдорӣ мегӯянд, аксари сохтмони биноҳои нав тибқи нақшаи генералӣ сурат мегирад ва сокинон аз ин пешрафт истиқбол мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG