Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фитри рӯза: Ба мискинҳо ё ба кисаи мақомот?


Акс аз Иди Фитри соли 2021
Акс аз Иди Фитри соли 2021

Дар як минтақаи Тоҷикистон хостаанд, фитри рӯзаро ба мақомот диҳанд.

Аз сокинони ноҳияи Рашт хостаанд, ки фитри рӯзаро ба раисони маҳалла ва ҷамоатҳои зисти худ супоранд. Фитри рӯза дар поёни моҳи Рамазон асосан ба шахсони нодор тақдим мешавад.

Андозааш барои ҳар кас 7 сомонист. Як намояндаи ҳукумат гуфт, онҳо маблағи ҷамъшударо ба оилаҳои фақиру дастнигар мерасонанд, вале мардум ба дурустии ин ваъда бовар надоранд.

Талаби супурдани фитри рӯза ба мақомот дар ноҳияи Рашт дар намози ҷумъаи 14-уми апрел аз забони имомхатибон садо додааст.

Раҳматулло Назриев, раиси деҳаи Яшм (ҷамоати Боқӣ Раҳимзода) дар Рашт рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, вазифадор шудаанд, ки аз ҳар узви хонавода ҳафт сомонӣ ҷамъ карда, ба маъмурони ҷамоатҳо супоранд. “Ин дигар маъмулӣ шудааст. Имомхатиб маблағи ҳар ҷамоату маҳалларо эълон кард. Аз деҳаи Яшм бояд 3 ҳазор сомонӣ Иди Фитр ҷамъоварӣ шавад. Раиси ҷамоат ҳам гуфт, ки маблағро ҷамъоварӣ кунем ва бисупорем,” -- шарҳ дод Назриев.

Иддае аз чунин кори мақомот истиқбол кардаанд, чун бовар доранд, ба хонаи ятимон хоҳад расид ё сохтмони роҳу иншооте сарф хоҳад шуд. Дигарон мегӯянд, азбаски ҳисобу китоби мақомот шаффоф нест ва аз натиҷаи кор гузориш дода намешавад, намедонанд, пул харҷи мискинон мешавад, ба корҳои дигар сарф мегардад ё дар кисаи мақомдорон мемонад.

Абдурасул Ҳотамов, сокини ноҳияи Рашт, гуфт, панҷ фарзанд дорад ва дар умум 49 сомонӣ бояд ба ҷамоат супорад. “Се ҳамсояи мо зиндагии фақирона доранд. Фарзанди баъзе аз онҳо дар донишгоҳ мехонанд. Агар ин маблағро ба онҳо диҳем, магар бад аст? Чаро ҳатман ба ҷамоат супорем?” -- пурсид ӯ.

Як намояндаи мақомот дар Рашт бе зикри номаш гуфт, “дар даст рӯйхати фақирон ва ниёзмандонро дорем ва бар асоси он маблағи ҷамъшударо тақсим хоҳем кард.” Вале як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки камбизоат аст, боре ҳам аз ин маблағ чизе надидааст.

Чаҳор сол пеш айни кор дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе таҷриба шудааст. Кумитаи дини Тоҷикистон соли 2018 гуфта буд, ки аз ҳисоби фитри рӯза дар кишвар 42 миллион сомонӣ ҷамъ оварда ва ба ниёзмандон расонда шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG