Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самоъ, василае барои расидан ба Ҳақ ё рақсу саргармӣ? ВИДЕО


Рақси сӯфиёнаи Анаси чаҳорсола
Рақси сӯфиёнаи Анаси чаҳорсола

Дар моҳи Рамазон дар Сурия расм аст, ки мардум дар тарабхонаҳо ифтор кунанд ва шоми худро хуш бигзаронанд. Бахше аз ифтор дар баъзе аз ресторанҳо самоъ ё рақси пайравони аҳли тасаввуф аст, ки онро василае барои расидан ба Ҳақ мешумориданд.

Яке аз онҳое, ки рақс иҷро мекунад, Анаси чаҳорсола аст, ки метавон ӯро хурдсолтарин дарвеш дар Сурия номид.

Анаси чаҳорсола ҳаракатеро моҳирона иҷро мекунад, ки садҳо сол пеш аз сӯфиён мерос мондааст. Шеваи чархидани дарвешҳо ва ҳамоҳанг бо ҷаҳонро ба ӯ падараш омӯхта.

Муайяд Ал-Харрот, падари Анас, мегӯяд: "Вақте бузург мешуд, ҳамаи авлоди мо, амаку амакбачаҳояшро дар ҳоли чархидан дид. Тақрибан яксола буд, ки роҳ рафтанро омӯхту ба чархидан сар кард. Ман ба ӯ ҳаракатҳои дуруст ва муназзамро омӯзондам. То 2-солагӣ ин корро идома додам ва баъд ӯро ба намоишҳо мебурдам."

Ҳаракати ҳамоҳанги дасту пойҳо ҳангоми чархидан осон нест. Рақси самоъро дар хона тамрин мекунанд, ки аз ниёкони худ ёд гирифтаанд ва мехоҳанд, барои наслҳои оянда бигзоранд.

"Мо ин мероси аҷдодиамон, чӣ зикру чӣ чархидани сӯфиёнаро ҳифз мекунем ва дӯст дорем ба фарзандонамон биёмӯзем, то ин расми хонаводагиамонро нигаҳ доранд," -- афзуд, Муайяд Ал-Харрот.

Анас чархиданро аз падараш омӯхтааст. Ҳоло ӯ ва бародару падараш ҳангоми ифтор дар ресторанҳо мерақсанду аз ин роҳ рӯз мегузаронанд. Анас ва ё сӯфии чаҳорсола бештар ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.

Рақси сӯфиёнаву зикри орифонаро пайравони аҳли тасаввуф дар ислом василае барои расидан ба Ҳақ ва ифшои ишқу алоқа ба Худо медонистанд. Аммо ҳоло барои Анас фақат рақсу василаи саргармист.

Видеоро дар инҷо бинед:

Рақси сӯфиёнаи Анас
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG