Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Фитр дар Тоҷикистон кай таҷлил мешавад?


Акс аз соли 2022
Акс аз соли 2022

Мумкин аст, рӯзи иди Фитрро дар Тоҷикистон аз 22-юми апрел ба 21-уми апрел тағйир диҳанд.

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел аз қавли Шӯрои уламо навишт, тибқи ҳисобҳои пешакӣ Рамазони имсола 29 рӯзро дарбар хоҳад гирифт.

Интизор меравад, дар аввали ҳафтаи оянда Шӯрои уламо дар ҷаласае рӯзи дақиқи иди Фитрро эълон кунад.

Дар сурати тағйир наёфтани тасмими Шӯрои уламо, мусалмонони Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел иди Фитрро ҷашн мегиранд.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон одатан 30 рӯзро ташкил медиҳад.

Бори охир соли 2015 Шӯрои уламо моҳи Рамазонро 29 рӯз эълон кард. Баъзе аз руҳониёни маъруф аз ҷумла Домулло Ҳикматулло он вақт гуфта буданд, “мардум бояд як рӯзи дигар рӯза гиранд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG