Қурби рубли русӣ босуръат поин меравад.
Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, бо такя ба нишондодҳои Биржаи Маскав навишт, аз моҳи апрели соли 2022 бори аввал қурби як евро дар Русия аз 90 рубл боло рафта, арзиши як доллар ба 82 рубл баробар шуд.
Ба ин тартиб, дар давоми як ҳафтаи охир арзиши доллар 5 дарсад ва арзиши евро наздик ба 10 дарсад афзуд.
Афзоиши маҳсулоти воридотӣ ва коҳиши содирот, кам шудани фурӯши асъори хориҷӣ ва аз кишвар берун рафтани асъор аз сабабҳои заиф шудани арзиши рубл гуфта мешавад.
Аз бозори Русия рафтани ширкатҳои хориҷӣ, ки ба асъор эҳтиёҷ доранд, низ ба ин вазъият таъсиргузор шудааст.
Қурби рубл дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон низ ба шиддат поин рафта, рӯзи 10-уми апрел ҳазор рубл расман ба 134 сомонӣ баробар шуд.
Гуфтугӯ