Мақомоти тоҷик ва рус дар Екатеринбург ба мувофиқа расидаанд, ки то 11-уми апрел беш аз 60 муҳоҷири ихроҷшударо бо ҳавопаймо ба ватан баргардонанд. Дар чанд рӯзи ахир тақрибан 25 муҳоҷир ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Муҳоҷирони тоҷик беш аз як моҳ аст дар Маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиёни шаҳри Екатеринбург нигаҳдорӣ мешаванд. Дар байни онҳо занон ҳам ҳастанд. Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамроҳ бо чанд соҳибкори тоҷик шоми 4-уми апрел ба муҳоҷирон ифтор додаанд ва бо онҳо суҳбат кардаанд.
Ёқубҷон Умаров, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии г Тоҷикистон дар Екатеринбург гуфт, дар моҳи Рамазон қариб ҳар рӯз бо кӯмаки шахсони хайрхоҳ ба даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осмиёи Марказӣ маводи ғизоӣ мебаранд.
Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки ба ватан ихроҷ мешаванд, ба нақзи қонунҳои будубоши Русия муттаҳам мешаванд.
Русия сиёсати сахтгиронаеро дар баробари муҳоҷирони тоҷик пеш гирифтааст ва барои оддитарин қонуншиканӣ онҳоро аз ҳаққи кор маҳрум ва ба ватан ихроҷ мекунанд.
Бинобарин шумори муҳоҷирон дар марказҳои нигаҳдории ин кишвар торафт бештар мешавад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳамарӯза даҳҳо нафар муҳоҷири тоҷик боздошт шуда барои ихроҷ ба маркази нигаҳдорӣ бурда мешаванд. Муҳоҷирон мегӯянд, дар бархе маврид ҳатто агар ҳуҷҷатҳояшон ҳам дуруст бошад, пулис онҳоро боздошту хориҷ мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони мақомоти тоҷикро танқид мекунанд, ки барои ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирон кори муассире намекунанд. Русия макони кори ҳудудан як миллион муҳоҷири тоҷик аст.