Амалиёти пулиси Исроил дар масҷиди Ал-Ақсо дар Байтулмуқаддас фаластиниёнро ба хашм овард. Кишварҳои арабӣ ҳам ин амалкарди маъмурони Исроилро танқид карданд. Аз сӯи дигар ҳамлаҳо аз Навори Ғазза ба Исроил нигарониҳоро аз авҷ гирифтани муноқишаҳо барангехт.
Шоҳидон мегӯянд, ки пулис асри чаҳоршанбе, 5-уми апрел, намозгузоронро латукӯб кард ва аз тирҳои резинӣ ҳам истифода бурд. "Онҳо дару тирезаҳоро шикастанд, гази ашковар сар доданд. Бо калтак заданд. Одамон шабона касеро ташвиш намедоданд. Яҳудиён ба ин тараф шабона намеоянд. Онҳо мехоҳанд, масҷидро аз мусалмонҳо пок кунанд," – гуфт яке аз фаластиниён.
Муноқиша дар моҳи Рамазон ва дар остонаи иди Фасҳи яҳудиён сурат гирифт. Маъмулан арабҳо дар Рамазон шабро дар масҷид ҳам рӯз мекунанд. Бар асоси як тафоҳуми дерина дар ин минтақа танҳо мусулмонон ҳаққи ибодат дар масҷиди Ал-Ақсоро доранд.
Аммо яҳудиён ҳам ба таври афзоянда дар инҷо, ки онро Ҳарами шариф меноманд, омада ибодат мекунанд. Ал-Ақсо севумин маҳалли муқаддас барои мусулмонон ба ҳисоб меравад ва дар гузашта ҳам шоҳиди муноқишае шудааст, ки соли 2021 ба ҷанги байни Исроилу Фаластиниён дар Ғазза кашид.
Аврам Лоба, мушовир оид ба маориф аз Исроил, мегӯяд, "фикр мекунам, ҳамааш хуб мешавад. Тавре мебинед, имсол ба фарқ аз соли гузашта вазъ беҳтар аст. Сиёсатмадорон ин ҷо ҳастанд. Исроилиҳо ҳама корро мекунанд, то арабҳо дар Рамазон ин ҷо бошанд ва ба Ҳарами шариф биёянд."
Шаби 5 ба 6-уми апрел аз Ғазза ба Исроил камаш 9 мушак сар додаанд. Исроил ҳам дар ҷавоб ба як маҳалли ба қавли худаш аслиҳасозии "Ҳамос" зарба зад. Шоҳидон мегӯянд, ки тонкҳои исроилӣ ҳамчунин ба минтақаҳои "Ҳамос" дар қисмати ҷанубии Навори Ғазза шиллик кардаанд.
Ҳазим Қосим, сухангӯйи Ҳамос, амалкарди маъмурони пулиси Исроилро танқид кард. "Ончӣ ки дар "Ал-Ақсо" рух дод, ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба намозгузорон, ҷиноят ва нақзи тамоми қонун ва ҳуқуқи инсон аст ва ишғолгарон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."
Созмони Салиби Сурхи Фаластиниён мегӯяд, дар "Ал-Ақсо" 12 фаластинӣ маҷруҳ шудаанд. Пулиси Исроил гуфт, ки фаластиниёни ошӯбгари мусаллаҳ бо чӯбу санг худро дар масҷид маҳкам карданд ва онҳоро ба амалиёт водор намуданд.
Ду афсари пулиси Исроил захмӣ шудаанд ва 350 нафарро аз масҷид берун ва боздошт кардаанд. Муноқиша интиқоди сахти кишварҳои арабӣ аз ҷумла Урдуну Мисрро барангехт, ки саъй доранд, бо миёнравии Амрико танишҳоро байни Фаластиниёну Исроил кам кунанд.
Гуфтугӯ