Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷии тоҷикро барои маърака ҷарима бастанд


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Додгоҳи Сангвор, Тавилдараи пешин, як сокини 61-солаи ноҳияро барои баргузории маросими “ҳоҷизиёрат” беш аз 6 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Бино ба қарори додгоҳ, сокини деҳаи Шоҳ (аз ӯ фақат А.Б.Х. ном бурдаанд) дар аввали моҳи феврал ва пас аз бозгашт аз зиёрати Маккаву Мадина “маъракае ороста, ба бештар аз 20 нафар зиёфат додааст, ки мухолифи қонун аст”.

Додгоҳ гуфтааст, номбурда барои ин кораш бештар аз 6 ҳазор сомонӣ ва андаке бештар аз 600 доллар ҷарима шуд.

Бар асоси Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон баргузор кардани ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ манъ аст.

Ин қонуни баҳсбарангезро, ки чандин сол пеш қабул шудааст, ҳомиёни ҳуқуқ дахолат ба ҳарими хусусӣ ва озодиҳои бунёдии мардум дар Тоҷикистон мешуморанд.

Муҳокимаи ин сокини Сангвор рӯзи 6-уми март баргузор шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG