Гугуш, овозхони маъруфи эронӣ ва маҳбуб дар Тоҷикистон мегӯяд, агар замони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон мебуд, ҳатман ба эътирозгарон мепайваст ва ба зидди руҳониёни ҳоким дар кишвар эътироз мекард.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Қатъан эътироз мекардам. Ман дигар аз як ҷое гузар кардам, синну соли ман гузашта, ки дигар чизе барои бохтан надорам. Ва аз ин моҷароҳо воҳимае надорам.”
Дар ин мусоҳиба Гугуш ҳамчунин гуфт, ки тарафдори он аст, ки дар Эрон инқилоб сурат бигирад ва низоми исломӣ аз кишвар аз байн бардошта шавад. Ӯ афзуд: ”Дар гуфтугу бо Садои Амрико гуфта будам, ки дар Эрон инқилоб лозим нест, ки ба боварам ҳарфи иштибоҳ буд ва алъон фикр мекунам, ки бояд иттифоқи дигаре биафтад. Иттифоқе, ки ҳамаи мардум дар дохили кишвар ва берун аз мамлакат интизорашро доранд ва он сарнагунии Ҷумҳурии Исломӣ аст.”
Дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 баъди марги Маҳсо Аминӣ як духтари ҷавон дар идораи пулис тазоҳуроти азиме сар зад, ки ҳукумати кишвар дар як даҳаи ахир шоҳиди он нашуда буд.
Ҳангоми саркӯби тазоҳурот садҳо нафар ҳам ҷон доданд ва ҳазорон тани дигар боздошту зиндонӣ шуданд. Тазоҳурот бар зидди ҳукумат ва барои он бархост, ки маъмурони пулиси ахлоқ Маҳсо Аминӣ як духтари эрониро барои ба гуфтаи онҳо нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дастгир карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурданд.
Мусоҳибаи комил бо Гугушро, ки хориҷ аз Эрон зиндагӣ мекунад, дар остонаи ҷашни Наврӯз ҳамкори мо Муҳаммад Зарғомӣ аз Радиои Фардо анҷом додааст.
Гуфтугӯ