Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия қарор кард, ки кӯдаки тоҷикро аз модараш бигиранд


Мария бо модари биологиаш
Мария бо модари биологиаш

Додгоҳе дар вилояти Иркутски Русия қарор кардааст, кӯдаки тоҷикеро, ки як хонаводаи бурятӣ ба фарзандӣ гирифта буд, ба онҳо баргардонанд. Вале мақомоти ин вилоят аз ҷойи будубоши кӯдак хабар надоштаанд.

Расонаҳои маҳаллии вилояти Иркутск рӯзи 29-уми март хабар додаанд, ки Додгоҳи ноҳиявии Качугси ин вилояти баҳс бар сари тарбияи Мария, духтари панҷсолаи тоҷикро ба фоидаи Михаил ва Марина Бухашеваҳо ҳал кард. Ин хонаводаи сокини Иркутск кӯдаки муҳоҷирони тоҷикро, ки соли 2017 дар ин вилоят таваллуд шуда буд, ба фарзандӣ гирифта тарбия мекарданд. Модари биологии Мария бинобар мушкили санад натавониста буд тифлашро аз таваллудхона бигирад.

Соли 2022 бо як тасмими мақомоти парастории Иркутск кӯдакро ба модари тоҷикаш доданд. Мақомоти вилоятӣ он замон фарзандхондии тифли тоҷикро аз сӯйи оилаи бурятӣ ғайриқонунӣ хонда буданд.

Аноргул Ғайбуллоева ва Асад Азизов, волидони биологии Мария кӯдакро гирифтанд, аммо мушкил бо ин ҳал нашуд. Онҳо гуфта буданд, то ниҳоӣ шудани қазия иҷозаи берун шудан аз хоки Русияро надоранд.

XS
SM
MD
LG