Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии паҳлавонони тоҷик ба "Antalya Grand Slam 2023"


Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони шинохтаи тоҷик.
Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоAntalya Grand Slam 2023”, ки аз 31-уми март то 2-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, Тоҷикистонро панҷ варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2023” то ҳоло 621 варзишгар (354 мард ва 267 зан) аз 85 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудааст. Рақобатҳо дар ҳафт вазн миёни мардон ва ҳафт вазн миёни занон сурат мегирад.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Обид Ҷебов(то 66 кило), Беҳрӯзи Хоҷазода (то 73 кг), Шодмон Ризоев (то 81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Барномаи мусобиқа:

31-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

1-уми апрел (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

2-юми апрел (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 1-3-юми апрел дар Анталияи Туркия баргузор шуд, аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Темур Раҳимов соҳиби ҷоиза гарид. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Зимнан, “Antalya Grand Slam 2023” шашумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

Ёдовар мешавем, дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" – «Grand Prix Portugal 2023», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Дар ду мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – “Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал) ва “Tel Aviv Grand Slam 2023” (16-18-уми феврал) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2023” (3-5-уми март) ду медал (як нишони тило ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тило гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2023”, ки рӯзҳои 24-26-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор шуд, варзишгарони тоҷик иштирок накарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG