Ғуломшо Давлатназаров, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои размӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар “Ҷоми поягузорони самбо” варзишгарон аз даҳ кишвар - Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Арманистон, Чин, Тоҷикистон ва Марокаш – ширкат варзиданд.
Ӯ афзуд, "аз байни 14 варзишгаре, ки Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, танҳо Ғуломшо Давлатназарови 27-сола медал ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи самбои размӣ дар вазни то 58 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Боз ду паҳлавони тоҷик – Хушқадам Хусравов ва Мустафо Ҳасанов – ҳарду оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 71 кило ҷойҳои панҷумро гирифтанд".
Ба гуфтаи Маҳмуд Абдуллоев зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон Шаҳбоз Нозимзода, ки дар Русия ба сар мебарад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ин кишварро намояндагӣ кард ва дар самбои размӣ дар вазни то 71 кило барои ҷойи аввал бо медали тило сарфароз гашт.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” паҳлавони номдори тоҷик Акмалиддин Каримов дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуда, бо медали тило мукофотонида шуд.
Зимнан, Акмалиддин Каримов баъди Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрузи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов чаҳорумин паҳлавон аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.
Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” бо ибтикори Федератсияи умумирусиягии самбо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин байни мардон оид ба самбои размӣ баргузор шуд. Мардон дар ҳафт вазн (58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг) оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ рақобат карданд. Занон низ дар ҳафт вазн (50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг) оид ба самбои варзишӣ нерӯсанҷӣ намуданд.
Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки соли 1980 таъсис ёфта буд, соли 2022 тағйири ном кард - «Ҷоми поягузорони самбо». Адолати таърихӣ барқарор шуд, зеро «самбо»-ро Анатолий Харлампиев, Василий Ошепков ва Виктор Спиридонов ихтироъ кардаанд. Ба ин се «падар - поягузор» дар Лужникии Маскав ҳайкал гузошта шудааст.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” - 2023:
Самбои варзишӣ
Мардон
58 кг
1. Шамсуддинов Дониёр (Русия)
2. Саргсян Карен (Арманистон)
3. Жусуп Уулу Ғайрат (Қирғизистон)
3. Мамедов Комрон (Русия)
64 кг
1. Фёдоров Александр (Русия)
2. Олимҷонов Сардор (Узбекистон)
3. Давлатов Сафар (Туркманистон)
3. Молдакапас Бекзот (Қазоқистон)
71 кг
1. Юлдошев Дилшод (Узбекистон)
2. Наш Расул (Русия)
3. Агафонов Иван (Русия)
3. Захаров Иван (Русия)
79 кг
1. Табурченко Павел (Русия)
2. Луканин Иван (Русия)
3. Темиров Шоҳҷаҳон (Узбекистон)
3. Болтаев Бегенч (Туркманистон)
88 кг
1. Асулбек Уулу Ҷамолбек (Қирғизистон)
2. Кривих Артём (Русия)
3. Аскаров Ҷовид (Русия)
3. Круглик Александр (Беларус)
98 кг
1. Кузнетсов Сергей (Русия)
2. Осипов Егор (Русия)
3. Идрисов Шаҳриёр (Қирғизистон)
3. Лесяк Сергей (Беларус)
+98 кг
1. Солдатенков Степан (Русия)
2. Мерзликин Алексей (Русия)
3. Жупиков Иля (Беларус)
3. Давудов Василий (Русия)
Самбои размӣ
58 кг
1. Казанин Игор (Русия)
2. Тайпинов Семён (Русия)
3. Аскаров Даниел (Қирғизистон)
3. Давлатназаров Ғуломшо (Тоҷикистон)
64 кг
1. Лизнёв Анатолий (Русия)
2. Куулар Найдан (Русия)
3. Ниёзменлиев Маҷлис (Туркманистон)
3. Сайдаматов Лутфилло (Узбекистон)
71 кг
1. Нозимзода Шаҳбоз (Русия)
2. Кобенов Степан (Русия)
3. Дамдинов Бато (Русия)
3. Тютиков Игор (Русия)
79 кг
1. Кантанович Даниил (Русия)
2. Рӯзиев Фурқат (Узбекистон)
3. Сулаймонов Вадим (Русия)
3. Абгарян Ованес (Русия)
88 кг
1. Богиян Владислав (Русия)
2. Идрисов Бектур (Қирғизистон)
3. Мамметқурбонов Мамметқурбон (Туркманистон)
3. Захаров Гордей (Русия)
98 кг
1. Ҷаводхонов Абдулҳалим (Русия)
2. Родин Николай (Русия)
3. Романов Артур (Русия)
3. Жемирсаев Бекназар (Қирғизистон)
+98 кг
1. Ибодуллоев Бобоҷон (Туркманистон)
2. Кубанов Олег (Русия)
3. Наталевич Валентин (Беларус)
3. Нуралиев Таласбек (Қирғизистон)
Гуфтугӯ