Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, Рустами Ҷонӣ парванда дорад ва ҷустуҷӯ мешавад. ВИДЕО, САДО


Рустами Ҷонӣ ва ҳамсараш Анора Саркорова
Рустами Ҷонӣ ва ҳамсараш Анора Саркорова

Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ба зидди Рустами Ҷонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Прага, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ӯ таҳти пайгарди қонунӣ аст.

Абдуҳаким Шафиев, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе, рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар воқеъ, Рустами Ҷонӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад”.

Аз ин пештар Анора Саркорова, ҳамсари Рустами Ҷонӣ, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки рӯзи 23-юми март модар ва бародарашро ба Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино даъват кардаанд.

Ба онҳо гуфтаанд, ба зидди Рустами Ҷонӣ ба иттиҳоми “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (банди 4-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ба қавли Анора Саркорова, муфаттиш ному насаб, ҷойи иқомат, ному насаби падари фавтида ва ду фарзанди ноболиғи ӯро навишта гирифтааст.

Абдуҳаким Шафиев тасдиқ кард, ки хушдомани Рустами Ҷониро ба идораи милиса даъват карда, аз ӯ пурсиданд, ки ҳоло дар куҷост.

Анора Саркорова, ки дар гузашта хабарнигори бахши русии Радиои Би-би-сӣ дар Душанбе буд, мегӯяд, муфаттиш таҳдид кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар боздошти Рустами Ҷонӣ ба пулиси байнулмилалӣ (Интерпол) дархости расмӣ мефиристанд.

Худи Рустами Ҷонӣ рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттиши парванда ҳамчунин ба хушдоманаш гуфтааст, “агар ба Тоҷикистон баргардаду аз кардааш изҳори пушаймонӣ кунад, ӯро мебахшанд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Мақомот гуфтанд, Рустами Ҷонӣ парванда дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:12 0:00

Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова даъвату бозпурсиҳои хешовандонро дар Душанбе “талоше барои таҳдиду тарсонидан”-и онҳо медонанд, “то навиштани гузоришу назарҳои танқидиро бас кунанд”.

Анора Саркорова бозпурсии батакрори модари тақрибан 70-солаашро амали нафратоваре хонд ва гуфт, ин рафтори мақомот боис ба асабонияту бад гаштани сиҳатии модараш шудааст. Абдуҳаким Шафиев ба Радиои Озодӣ гуфт, бо зӯру таҳдид бо модари Анора Саркорова суҳбат накардааст ва гуфтаҳо дар ин бора, ба қавли ӯ, “беасос аст”.

Шарҳи муфаттиш Абдуҳаким Шафиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00
Линки мустақим

Рустами Ҷонӣ, ки қаблан дар Радиои Озодӣ ҳам кор кардааст, бо ҳамсараш Анора Саркорова ва фарзандонаш дар шаҳри Прага зиндагӣ мекунад. Ӯ бархӯрди ҳукуматро ба тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танқид мекард ва ба ин кораш то кунун идома додааст.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч гоҳ узви созмони ифротие набуда ва ақидаҳои онҳоро тарғиб накардааст: “Ин ҳама ба фаъолияти журналистии ман вобастаанд. Дар ин айбнома чунин садо додааст, ки гуё фаъолиятҳои гуруҳҳои экстремистиро мо тарғиб кардем, ё расонаӣ кардем, ин аслан аз як газофгӯӣ беш нест. Ман ҳеч гуруҳи экстремистиро намедонам ва намешиносам, ки аз тарафи Тоҷикистон манъ шуда бошад ва мо маҳз фаъолияти экстремистии онҳоро тарғибу ташвиқ карда бошем.”

Пас аз пахши тазоҳурот дар моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомӣ садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони мадании бадахшониро дастгир ва баъзе аз онҳоро ба муддатҳои дароз зиндонӣ карданд.

Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ, таъсиси созмонҳои ҷиноӣ муттаҳам мекунанд, вале наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз худсарии мақомоти интизомӣ дар вилоят талош доштанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG