Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2023” бе иштироки варзишгарони тоҷик мегузарад


Рӯзҳои 24-26-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - мусобиқаи байналмилалии ҷудоTbilisi Grand Slam 2023” баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2023” то ҳоло 419 варзишгар (221 мард ва 198 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудааст. Вале варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ иштирок намекунанд.

Барномаи мусобиқа:

24-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

25-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

26-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Соли гузашта дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022Тоҷикистонро 9 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ кард, вале ягон нафари онҳо натавонист медал бигирад. Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Шодмон Ризоев (-81 кг)- натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.

Зимнан, “Tbilisi Grand Slam 2023” панҷумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

Ёдовар мешавем, дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" – «Grand Prix Portugal 2023», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Дар ду мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – “Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал) ва “Tel Aviv Grand Slam 2023” (16-18-уми феврал) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.

Ахиран паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tashkent Grand Slam 2023” (3-5-уми март) ду медал (як нишони тило ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тило гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG