Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА аз кишварҳои узви Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар Гаага хост, дастури ҳабси президенти Русия Владимир Путинро иҷро кунанд.
Додгоҳ ҳафтаи гузашта дар пайванд ба рӯйдодҳои Украина дастури боздошти Путинро содир кард.
Дар ҷаласаи Сенати Амрико, Блинкен дар посух ба ин суол ки оё кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар сурати сафари Путин ба он кишварҳо бояд ӯро боздошт кунанд гуфт, ҳар узви Додгоҳи байналхалқӣ бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад.
Ба суол дар бораи ин ки Амрико Путинро ҳангоми сафараш ба ин кишвар ҳабс хоҳад кард, Блинкен гуфт, аз эҳтимол дур аст, ки президенти Русия дар ояндаи наздик ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад. Блинкен афзуд, Амрико узви Додгоҳи Байнулмилалӣ нест.
Котиби давлатии Амрико афзуд, Путин "бояд барои ҷиноятҳои ҷангии анҷомдодааш дар Украина посухгӯ бошад".
Додгоҳи байналхалқӣ ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Мария Лвова-Белова низ барои ихроҷи иҷбории кӯдакони украинӣ ба Русия аз сӯи додгоҳи мазкур содир шудааст. Мақомоти Русия гуфтанд, кӯдаконро иҷборан ба Русия наовардаанд ва ҳамзамон Додгоҳи Гаагаро эътироф намекунанд.
Пештар аз ин вазири адлияи Олмон гуфт, агар Путин ба Олмон ояд, бояд боздошт ва ба додгоҳи Гаага интиқол дода шавад.
Намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ки тобистони соли ҷорӣ саммити БРИКС онҷо баргузор мешавад, гуфтанд, дастури Додгоҳи байналхалқиро ба эътибор гирифтаанд ва уҳдадориҳои худро медонанд. Аммо мустақим нагуфтанд, ки дар сурати сафари Путин ба ин кишвар оё вай боздошт хоҳад шуд ё на.
123 кишвар узви Додгоҳи байналхалқӣ ҳастанд, аммо кишварҳои бузурге, амсоли Чин, Ҳинд, Туркия ва Амрико дар кори ин додгоҳ ширкат намекунанд.
Гуфтугӯ