Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуд.
Фармонро дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 11-уми январ имзо кард.
Азизулло Исматзода, ки ду сол пеш раиси ноҳияи Рӯдакӣ интихоб шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе аз вазифа барканор шуд.
Дар Тоҷикистон кам иттифоқ меуфтад, ки як корманди ниҳоди интизомиро ба мансаб дар ҳукуматҳои маҳаллӣ таъин кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта се мақоми баландпояи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла як корманди додситонии ноҳия, ба гумони заминфурӯшӣ ва гирифтани беш аз сад ҳазор доллар ришва дастгир шудаанд.
Ноҳияи Рӯдакӣ, ки наздик ба 500 ҳазор аҳолӣ дорад, дар атрофи шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва сокинон талош мекунанд, дар инҷо барои бунёди хона соҳиби замин шаванд. Ин вазъ боис шудааст, ки ба қавли мақомот, аксар заминҳои обӣ бо роҳҳои, ба гуфтаашон, ғайриқонунӣ ба сокинон тақсим шавад.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар ду соли пеш собит карда буд, ки мансабдорони баландпояи ноҳияи Рӯдакӣ дар фурӯш ё тақсими ноодилонаи замин даст доранд.
Як манбаи огоҳ аз ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба Абдуғаффор Ҳикматулллозода ҳангоми таъин ба мансаби раиси Рӯдакӣ таъкид кардааст, ки ба заминфурӯшӣ дар ин ноҳия хотима диҳад.
“Президент гуфтааст, ҳама роҳҳоро барои поён додан ба заминфурӯшӣ истифода кард, вале кор надод. Ҳар раисеро таъин кард, зуд номаш бо заминфурӯшӣ баромад. Ӯ гуфтааст, ба ҳамин хотир муовини аввали додситони кулро, ки ин соҳаро назорат мекард, ба ин вазифа таъин кардааст. Ҳикматуллозода ҳам ваъда додааст, ки ба заминфурӯшӣ хотима медиҳад,” -- гуфт манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми январ.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҳамчун муовини аввали додситони кул иҷрои қонунгузории соҳаи заминро низ назорат мекард.
Маълум нест, то куҷо ин тағйирот ба заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ поён медиҳад. Мунтақидон бар ин назаранд, ки дар умум сохторҳои давлатӣ дуруст кор намекунанд ва фасод дар ҳама сатҳ реша давондааст, аз ин рӯ, бо тағйири як нафар имкони ҳалли мушкил вуҷуд надорад.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки борҳо худи Раҳмон ба хатми заминфурӯшӣ дар онҷо даъват карду комиссияҳои вижаи Оҷонси зидди фасод ва Додситонии кул масъаларо таҳқиқ карданд, вале натиҷае надод.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳама бештар дар қиёс бо дигар навоҳии Тоҷикистон шаҳрвандон талоши зиндагӣ дар ноҳияи Рӯдакиро мекунанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир аҳолии ин ноҳия 125 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Гуфтугӯ