“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби ёддоштӣ аст, аммо равандҳои муҳими Тоҷикистонро дар тақрибан 30 соли охир бозгӯ мекунад. Муаллиф дар он рӯзҳои сахти солҳои 90-ум, шебу фарозиҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, фасод, рукуди фарҳанг, сатҳи поини таълим, иштибоҳҳо дар давраи COVID-19 ва бисёр масъалаҳои дигарро баррасӣ кардааст.
Зимни суҳбат боАбдухалил Холиқзода хабарнигори Озодӣ нахуст аз ӯ дар бораи ҳадафи таълифи чунин як ёддоште пурсид.
Абдухалил Холиқзода: Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба навъе идомаи китоби “Моҷарои рафта” аст. Китоби “Моҷарои рафта”- ро агар таърихи шифоҳӣ гӯем, “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бахшида шудааст. Лозим донистам ҳамчун нафаре, ки дар соҳа ҳастам, роҳи ҳалли баъзе масъалаҳои ба зеҳнам расидаро арз кунам.
Дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ кӣ гунаҳкор аст?
Радиои Озодӣ: Шумо дар оғози китобатон мегӯед, ки касе барои сар задани ҷанги дохилии Тоҷикистон худро муҷрим надонист. Вале мухолифон мегӯянд, онҳо як бахшишномаеро омода карда буданд, ки тарафҳои ҷанг имзо кунанд ва он аз тарафи ҳукумат пазируфта нашуд. Фикр намекунед, ки ҳангоми гуфтан бояд ҳамаи ҳақиқатҳо гуфта шаванд, на интихобӣ?
Абдухалил Холиқзода: Ҳақиқатҳо бояд гуфта шаванд, ҳатман. Вале чигуна гуфтан муҳим аст. Як масъаларо метавон хеле дурушт ва сахт гуфт ва албатта ҷавоби сахт ва дурушт гирифт. Як масъаларо метавон бо одоб ироа кард ва он масъала дар ҷомеа ҷой меафтад ва ҳатман роҳҳои ҳал пайдо мешавад. Дар масъалаи танзиму бахшишу гузашт аз ҳамдигару афви умумӣ, ростӣ ман ҷомеашинос нестам ва назароти хос ҳам надорам. Аслан бо он чизҳое, ки шумо фармудед шинос ҳам нестам, намедона кай ва кӣ ироа карда буд. Вале як мусоҳибаи Абдумаҷид Доситев ва вокунишҳо атрофи онро хондам ва дар ин робита андешаҳоямро гуфтам.
Радиои Озодӣ: Дар он мусоҳиба ҷаноби Достиев мегӯянд, ҳамаи насли бузургсоли солҳои 90-ум дар ҷанги шаҳрвандӣ масъулият доранд. Шумо ҳам дар китобатон ба ҳамин чиз ишора кардед.
Абдухалил Холиқзода: Оре, агар шумо онҷо диққат карда бошед дар бораи назари Карл Ясперс суҳбат кардам. Ясперс касони дар замони ҷанги Ҳитлер ба синни балоғат расидаро ба ду даста ҷудо мекунад. Касоне, ки гунаҳкор ҳастанд ва касоне, ки масъул ҳастанд. Яъне ин бояд тафкик (ҷудо) карда шавад. Касоне, ки бевосита ҷиноят содир кардаанд, инҳо гунаҳкор ҳастанд. Касоне, ки дар синни балоғат буданд ва натавонистанд аз ин ҷанг пешгирӣ кунанд, онҳо ҳам масъул ҳастанд.
Радиои Озодӣ: Фикр мекунед дар оғози солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҳам айни ҳамин чиз буд?
Абдухалил Холиқзода: Айни ҳамин чиз аст. Барои онки ҷомеа хеле ҳассос буд ва дар ин масъалаҳо иштирок кард, чӣ дар майдонҳо, чӣ дар тазоҳурот ва чӣ дар тасмимгириҳо ва ҳатто дар оқибатҳои нохушаш.
Радиои Озодӣ: Як нуктаи ҷолиб дар китоби шумо қиёс кардани Олмони федеративӣ ва олмони демократӣ ва ҳам Куриёи ҷанубиву шимолӣ аст. Шумо гуфтед ин кишварҳо бо иқтисоди бозорӣ, ҷомеаи озод ва мардумсолорӣ ба пеш рафтанд. Худатон дар китоб суол мегузоред, ки Тоҷикистон баъди ҷанги дохилӣ ба амну осоиш расид, вале дар масъалаи таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҷое нарасидем? Ба назари Шумо сабаб чӣ аст?
Абдухалил Холиқзода: Ин аз кӯшиши масъулоне, ки дар бахши иқтисодиёту иҷтимоиёт дар роҳбарии кишвар ҳастанд, вобаста аст. Агар мо ба амнияти сиёсӣ расидем ин ҳам дар ҷойи холӣ ба даст наомад. Касоне, ки масъули амнияти сиёсӣ ҳастанд кӯшишҳо ба харҷ доданд, ҳамон тавре, ки ҷангсолорҳо аз байн бардошта шуданд, оштиву тавофуқу баргаштани мухолифин аз Афғонистон иттифоқ афтод, айнан ҳамин тур масъулоне ҳастанд, ки бахши иқтисодиву иҷтимоёти моро пеш баранд. Агар мутахассисони лозим дар вазоратҳои иқтисоду молиёт кӯшиш ба харҷ диҳанд ин ҳам рафъ мешавад, ман ҳаминро мехоҳам.
“Ҷомеаи мо ба чанд гуруҳ тақсим мешавад”
Радиои Озодӣ: Баҳси дигар дар китоби Шумо фахрфурӯшӣ дар миёни тоҷикон аст. Шумо мегӯед, мо оянданигар нестем ва арабпарастӣ, русгароӣ, ғарбзадагӣ ва ғайра моро намегузорад, ки худ бошем.” Фикр мекунед роҳи раҳоӣ аз ин варта чӣ аст?
Абдухалил Холиқзода: агар ҳамин тур фикр кунем ҷомеаи мо ба чанд равия тақсим аст. Як гурӯҳ ҳоло ҳам бо забони русӣ ҳарф мезананд ва ҳоло ҳам ормонашон давлати Шӯравӣ аст. Гурӯҳи дигар вақте дар бораи мазҳабу истилои арабу инҳо ҳарфе пеш ояд, фавран ҷабҳа мегиранд ва фавран мешӯранд, ки зидди ислому арабу мазҳабу дин ҳастед. Маънои гапи ман ин аст, ки дигар истилои арабу рус дар мо нест, мо тоҷик ҳастем, ҳамин аст ватани мо. Арабарастӣ наметавонад моро ба ҷойе расонад. Мо бояд худии худ бошем, барои кишвари худамон худамон барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ созем ва кишварамонро худамон обод кунем.
Радиои Озодӣ: Дар ин бора бисёриҳо суҳбат мекунанд, аммо барномаи мушаххас чӣ аст? Масалан чигуна мешавад ба назари Шумо мардумро аз ин “бардатабиатӣ” халос кард?
Абдухалил Холиқзода: Ин бештар бахши маърифаткунонии мардум аст, инҷо мактабу донишгоҳ нақши асосӣ хоҳанд дошт, зиёиён метавонанд нависанд ва мардумро бомаъфират созанд. Агар ҳаминхел нигоҳ кунем ҳамин равандҳое, ки арз шуд, русгароӣ, арабгароӣ ё ҳарчигароии дигар бо даҳ сол пеш аслан қобили қиёс нестанд. Даҳ сол пеш ин мушкилот ғализтар буд, ки ҳоло камтар шудаанд. Умедворам, ки ин мушкилот оҳиста-оҳиста рафъ мешаванд.
Чаро арзишҳо дар Тоҷикистон тағйир ёфтаанд?
Радиои Озодӣ: Дар ҷойе аз китоби Шумо мехонем: “дар солҳои баъд аз истиқлол арзишҳои роиҷ аз қабили донишмеҳварӣ ва шоистасолорӣ хеле зуд суқут карданд. Ҳар ки мансабу сарват ва зӯри бозу дошт, бузург дониста мешуд.” Ба назари Шумо чаро кор то инҷо расид ва роҳи бурунрафт чист?
Абдухалил Холиқзода: Дар замони Шӯравӣ сарватманд будан як кори накуҳида буд ва ин аслан арзиш набуд. Аз як кас дар бораи маош ва дороӣ пурсидан ҳарфи роиҷ набуд, чун муҳим ҳам набуд. Ҳеч кас ба одамони сарватманд вобаста набуд, давлат маоши хуб дошт, мардуми рӯзгорашонро бо он маош мутобиқ карда буданд. Аввалаш худи сиёсати давлат ҳамин буд ва дигар инки мардум дар тӯли ин солҳо одат карда буданд, ки сарват чизе нест. Вақте мо донишҷӯ будем орзу мекардем, мисли устодон кори илмӣ кунем ва номзади илм ва баъдан доктори илм шавем. Вақте сиёсати давлати Шӯравӣ аз байн рафт ва маълум шуд, ки сарват доштан беҳтар аст, дар хиёбонҳо мошинҳои хориҷӣ ва сохтани хонаҳои боҳашамат пайдо шуд. Баъзеҳо бо зӯри туфанг соҳиби сарватҳои ҳангуфт шуданд Он нафсе ки дар замони Шӯравӣ нигоҳ медошта мешуд, якбора боз шуд ва мардум сарватдӯст шуданд. Сарвату зиндагии муҷалло зуд муд шуд. Ин чизи хубе набуд.
Радиои Озодӣ: Доштани сарват чизи баде нест ва дар баъзе кишварҳо аз ҷумла кишварҳои Ғарб бо вуҷуди сарватманд будан, арзишҳои донишмеҳварӣ ва шоистасолорӣ суқут накард. Дар мо чаро вазъ баръакс шуд?
Абдухалил Холиқзода: Илм, дониш, иттилоъ доштан ё дар ҳирфаи худ пешгом будан дар кишварҳои дигар як зарурати ҳаётӣ аст. Яъне касе ҳатто сарватманд аст ва мехоҳад ин сарвату ширкаташ барои фарзандонаш монад, медонад, ки агар фарзандонаш донишу маҳорату иттилоъ надошта бошанд, баъдан ин тиҷоратро идора карда наметавонанд. Яъне дониш дар кишварҳое, ки аз қабл иқтисоди бозорӣ доштанд як зарурати ҳаётӣ аст. Агар кишварҳои ғарбиро пеши назар орем, онҷо рақобат чунон сахт аст, ки агар касе дониш ё тахассусашро хуб надонад, наметавонад зиндагиашро пеш барад.
Радиои Озодӣ: Дар мо чӣ?
Абдухалил Холиқзода: Дар мо дар солҳои 90 ин чизҳо аз қабили дониш аслан ба кор намерафт, туфанг ва сарват дошта бошӣ ҳамин чизҳо арзиш шуд. Дар қиёс ба замони Шӯравӣ арзишҳо 180 дараҷа тағйир ёфтанд.
Радиои Озодӣ: Феълан ҳам фикр накунам дар Тоҷикистон вазъ чандон тағйир карда бошад?
Абдухалил Холиқзода: На хеле тағйир кард. Мо ки ором-ором дар кишвар зиндагӣ карда омадем, шояд ин тағйиротро набинем. Вале агар шумо бо солҳои 90 муқоиса кунед хеле тағйир ҳаст.
Вақте муаллим ба ҷойи дарс муҳоҷират меравад
Радиои Озодӣ: Баҳси дигар дар китоби Шумо вазъи маориф дар кишвар аст. Шумо аз паст шудани сатҳи таълим ва фасод дар ин бахш нигаронӣ карда, мегӯед, муаллим аз як қишри обрӯманд дар замони Шӯравӣ ба як бечораи дастнигар дар замони истиқлол табдил ёфт. Фикр мекунед вазъ ҳоло то куҷо тағйир кардааст?
Абдухалил Холиқзода: Мутаассифона дар бахши маориф вазъ чандон тағйир накардааст. Масалан тағйири вазъ ба андешаи мо чӣ метавонад бошад? Муаллими кори сахт аст. Вақте як муаллим ҳаёташро мегузорад, ки ба бачаҳо дарс диҳад, бояд маошаш на танҳо ба хурду хурок балки ба рушд ҳам расад. Муаллим ҳам мошин дошта бошад ва агар фарзандаш бузург шуд, тавонад барои ӯ хона харад. Ё агар фарзанди муаллим дар донишгоҳ таҳсил мекунад, бояд ӯ тавонад маблағи таҳсилашро пардохт кунад. Маоши муаллимони мо ҳоло тақрибан дар сатҳи 2 ҳазор сомонӣ аст, ки онҳо бо ин маблағ наметавонанд зиндагиашонро хуб пеш баранд. Бахусус вақте ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва маблағи бештар ба даст меоранд. Пеши рӯи онҳо ду интихоб аст, ё ҳаёташро биспораду аслан хоҷагиш обод нашавад ё ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Табиист ки маоши муаллимон хеле паст аст ва бояд хеле боло бурда шавад.
“Шикасти “Орима” марҳилаи шикасти соҳибкорӣ буд”
Радиои Озодӣ: Дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” мехонем, ки баъди таъмини амният дар кишвар, ширкатҳои хориҷӣ бахусус дар бахши алоқа вориди кишвар шуданд. Аммо дар идома шумо аз фишор болои соҳибкорон нигаронӣ кардед. Ҳоло шароити кори соҳибкорон дар Тоҷикистон чӣ бартарӣ ё мушкилиҳо дорад?
Абдухалил Холиқзода: Баъди солҳои 2000-ум ва пас аз расидан ба сулҳу ворид шудани Амрико ба Афғонистон интизор мерафт, ки ин минтақа барои сармоягузорӣ як ҷойи амну обод шавад. Ширкатҳои байналмилалӣ фавран ба инҷо сармоя ворид карданд ва корро хеле густурда ба роҳ монданд. Он солҳо мо дар Русия кору бор доштем ва вақте ба русҳо мегуфтем, ки дар Тоҷикистон трафики 3G ҷорӣ шудааст, онҳо механдиданд. Дар Русия аз интернети 3G хабаре набуд. Он замон ин интернети пешрафта буд. Яъне ширкатҳо инҷо хеле маблағгузорӣ карданд, вале вақте ба фасоду фазои на он қадар бозу шаффоф рубарӯ шуданд, маҷбур шуданд сармояашонро аз инҷо бубаранд.
Радиои Озодӣ: Дар китоб аз қазияи ширкати “Орима” мисол овардед, ки ба навиштаи Шумо баъди худдорӣ аз додани пора, роҳбараш Маъруф Орифов боздошт ва ба ҷурмҳои вазнин муттаҳам шуд.
Абдухалил Холиқзода: Ҳодисаи “Орима”-ро як марҳилаи шикасти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон медонам, ки аз он вақт ба баъд ин шикастҳо сар шуд. Мо ҳамеша давлатро як падидаи ҷудо ва боло аз худамон медонем. Давлат падидаи ҷудо ва боло нест, балки давлат аз ҳамин фардҳои миллат иборат аст. Касоне, ки дар мақомоти молӣ ва қудратӣ ҳастанд ва инҳо ҳам софдилона корашонро анҷом диҳанд. Ҳамон шикасти ширкати “Орима” аз дасти як нафар масъули қудратӣ шуд. Агар онҳо қадри соҳибкорро донанд ва қадри ояндаи ин корро донанд, ин иттифоқ рӯй намедод, соҳибкорон ҳимоят мешуданд ва имрӯз мо дар як вазъи дигар қарор медоштем.
“Дасти рӯзноманигорон бояд кушода бошад”
Радиои Озодӣ: Ҷойи дигар ба талаби ришва аз соҳибкорон, аз сӯйи мақомоти тафтишотӣ ишора кардаед. Пешниҳоди мушаххасе барои ислоҳи вазъ доред?
Абдухалил Холиқзода: Дар китоб ин масъаларо арз кардам. Назорат аз болои фасод дар тамоми ҷомеаҳои боз аз тарафи рӯзноманигорон ва ба воситаи ниҳодҳои қудратию додгоҳҳои озод роҳандозӣ шудаст. Роҳаш ҳамин аст. Дасти рӯзноманигорон бояд боз бошад, фасодро ошкор кунанд, вақте фасодро ошкор карданд, мақомоти қудратӣ вокуниш нишон диҳанд, вақте исбот шуд, додгоҳҳо ҷазо таин кунанд. Агар фазои соҳибкорӣ беҳтар шавад ва амнияти моликияти хусусӣ таъмин шуда, соҳибкорӣ хеле зуд ба роҳ меуфтад. Вақте дар кишвар корхонаҳо зиёд мешаванд, ҷойи корӣ зиёд мешавад ва супоридани молиёт зиёд мешаваду буҷети кишвар ғанӣ мегардад.
“Мо дигар ба додгоҳҳои иқтисодӣ шикоят намекунем”
Радиои Озодӣ: Шумо дар чанд ҷойи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар бораи муҳимияти додгоҳҳои иқтисодӣ суҳбат кардед ва якҷо ҳам навиштед, ки солҳои 90-ум дар як баҳси додгоҳӣ бо идораи гумрук ғалаба кардед. Ба назаратон Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон то куҷо мустақиланд ва ба доди соҳибкорон мерасанд?
Абдухалил Холиқзода: Нақши додгоҳи иқтисодӣ дар иқтисоди бозорӣ аслӣ аст. Яъне вақте ҳуқуқи соҳибкор поймол мешавад, ӯ наметавонад ба ҷуз аз додгоҳ бо роҳи дигар ҳуқуқашро барқарор кунад. Дар Тоҷикистон ҳатто худи ширкати мо дигар ба додгоҳҳои иқтисодӣ муроҷиат намекунад. Ин қазияи аввали солҳои 2000-ум буд, ки пахтаи мо дар анбори гумруки вилояти Хатлон сухт арз кардем ва ба арзамон ҳам расидагӣ шуд. Ҳозир як зеҳнияте пайдо шудааст, ки дигар додгоҳҳо кӯмак намекунанд.
Радиои Озодӣ: Ширкати Шумо ҳам ба ҳамин хотир муроҷиат намекунанд?
Абдухалил Холиқзода: Бале.
Тоҷикистон аз COVID-19 чӣ сабақ мегирад?
Радиои Озодӣ: Мехостам дар бораи амалкарди Тоҷикистон дар давраи пандемия COVID-19 пурсам, ки як бахши китобатонро ба он ихтисос додед. Шумо ҳамчун молики як бемористон муфассал дар китобатон ин бахшро баррасӣ кардед. Ба назаратон Тоҷикистон аз давраи пандемияи ахир чӣ сабақҳое мегирад?
Абдухалил Холиқзода: COVID-19 як фоҷеаи бузург барои кулли дунё буд ва ба ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон сабақҳои зиёд дод. Дар бораи пешгирӣ аз бемориҳои уфунӣ, таъмини бахшҳои уфунӣ дар ноҳияҳо бояд аз Вазорати тандурустӣ пурсид. Сабақи дигаре, ки COVID-19 ба мо дод, набуди бима ё суғуртаи дармон аст. Мо беморонеро дидем, ки ба COVID-19 гирифтор шуда, аз гуруҳи риск буданд ва дармонашон хеле гарон тамом мешуд. На ҳамеша доруву таҷҳизоти лозима мавҷуд буд. Дар ҳолати роҳ андохтани бимаи дармон ин мушкилот хеле осонтар ҳал мешуд.
Радиои Озодӣ: Яке аз қиссаҳои такондиҳандаи китоби Шумо достони духтари тоҷик ва қизилбоши Афғонистонист. Фикр намекунед, ки ин қисса барои тоҷикон руҳшикананда аст? Дар баробари он қиссаи руҳбаландкунандае дар таърихи навтарини тоҷик вуҷуд дорад?
Абдухалил Холиқзода: Ман рӯи онки ин руҳшикананда аст, фикр накардам. Ин қиссаро, дӯсти азизи ман вазири кишвар Рамазон Раҳимзода нақл карданд ва мо хеле мутаассир шудем ва гуфтем, ки онро менависем. Ин қисса аз солҳои 20-и асри гузашта аст ва аллакай таърих аст. Дар солҳои 90 ин иттифоқ бори дигар афтод ва мардуми мо ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ин руҳшикананда нест, омӯзанда аст. Омӯзандагии қисса дар он аст, ки мо набояд дигар ба ҳеч унвон имкон диҳем, кишвари мо ноамн шавад. Вақте фавҷи мардум аз як кишвар ба кишвари дигар паноҳ мебаранд, онҷо ҳатман ба вокуниши манфие рубарӯ мешаванд. Мо набояд гузорем, ки кишварамон ноамн шавад, мо бояд ҳамин Тоҷикистонро обод кунем, дар ҳаминҷо зиндагӣ кунем ва ба тавофуқ бирасем.
Гуфтугӯ