Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" ва "Ҳосилот" ба финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд


Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба поён расид. Ба финали панҷумин давраи мусобиқот дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и Фархор роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи «А» дастаи «Хуҷанд», ки дар се бозӣ ҳафт имтиёз ба даст овард, ғолиб шуд. Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо шаш имтиёз пирӯз гашт. Дар гурӯҳи «В» дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо чаҳор имтиёз мақоми аввалро касб кард.

Ба ин тартиб, бар асоси дастури мусобиқот дар бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 ду дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои беҳтарин ҷойи аввалро гирифтанд, рӯбарӯ мешаванд. Инҳо дастаҳои «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» мебошанд.

Бозии ниҳоии Ҷоми ЛФТ-2023 рӯзи чоршанбеи 15-уми март дар варзишгоҳи «Баҳористон-1»-и шаҳри Гулистон баргузор мешавад. Бозӣ соати 14:00 оғоз меёбад.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм ҳамон рӯз соати 10:00 дар варзишгоҳи «Баҳористон-2» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата»-и Хуҷанд рақобат мекунанд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Кӯктош» – КМВА – 0:0

«Хуҷанд» – «Файзканд» – 1:0

Даври 2-юм

КМВА – «Файзканд» – 0:0

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Даври 3-юм

«Хуҷанд» – КМВА – 1:0

«Файзканд» – «Кӯктош» – 4:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

2

1

0

3-1

7

2

«Файзканд» (Восеъ)

3

1

1

1

4-2

4

3

КМВА (Душанбе)

3

0

2

1

0-1

2

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

0

2

1

2-5

2

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

«Ҳосилот» – «Эсхата» – 2:1

Даври 2-юм

«Истиқлол» – «Ҳосилот» – 0:1

Даври 3-юм

«Эсхата» – «Истиқлол» – 4:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

2

2

0

0

3-1

6

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-2

3

3

«Истиқлол» (Душанбе)

2

0

0

2

0-5

0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 2:0

Даври 2-юм

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

Даври 3-юм

«Хатлон» – «Равшан» – 2:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

1

0

2-0

4

2

«Хатлон» (Бохтар)

2

1

0

1

2-3

3

3

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

1

1

1-2

1

Бозӣ барои ҷойи сеюм

15-уми март (чрршанбе)

Оғози бозӣ – соати 10:00

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»

Гулистон, варзишгоҳи «Баҳористон-2»

Финал

15-уми март (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 10:00

«Хуҷанд» – «Ҳосилот»

Гулистон, варзишгоҳи «Баҳористон-1»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG