Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ гуфт, волии Толибонро онҳо куштанд


Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил волии Толибон дар вилояти Балх буд.
Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил волии Толибон дар вилояти Балх буд.

Гуруҳи ДОИШ масъулияти қатли Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил волии Толибон дар вилояти Балхро бар уҳда гирифтааст.

Мавлавӣ Муҳаммаддовудро рӯзи 9-уми март дар назди идорааш дар маркази вилояти Балх куштанд. Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” рӯзи 10-уми март бо нашри як баёния гуфт, як ҷангҷӯи маргталаби ин гуруҳ дар беруни идораи волии Толибон дар шаҳри Мазори Шариф мунтазир монда, сипас дар наздикии волии Толибон худро тарконидааст.

Дар ин ҳамла 2 нафари дигар кушта ва ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ бештар аз 30 каси дигар маҷруҳ шудаанд.

ДОИШ дар гузашта масъулияти куштани фармондеҳи амниятии Толибон дар Бадахшонро низ бар уҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG