Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик шикоят доранд, ки зиёда аз ду моҳ боз дар Мариуполи Украина, ки зери тасарруфи Русия аст, ҳаққи кори худро гирифта наметавонанд. Аксари онҳо моҳи октябр ва ноябри соли гузашта ба Мариупол бурда шудаанд.
Русия барои бозсозии ин шаҳри ишғолшуда ҳазорон муҳоҷирро бо ваъдаи пардохти маоши бештар ба кор ҷалб кардааст.
Сафаралӣ, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 9-уми март гуфт, шумори муҳоҷирони тоҷик, ки маоши худро нагирифтаанд, тақрибан 300 нафар аст.
Ба ин гурӯҳи муҳоҷирон ваъда карда будаанд, ки барои ҳар моҳ то 120 ҳазор рубл медиҳанд, вале Сафаралӣ ва ҳамроҳонаш гуфтанд, дар моҳҳои аввал ҳатто нисфи онро нагирифтанд.
Русия дар моҳи майи соли 2022 пас аз ҷангҳои сахт шаҳри бандарии Мариуполи Украинаро ғасб кард. Ин шаҳр дар натиҷаи ҷангҳои сахт хароб шудааст ва ҳоло Русия бо ҷалби муҳоҷирон мехоҳад, онро бозсозӣ кунад.
Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон ҳушдор додаанд, ки ба чунин минтақаҳо нараванд. Украина вуруди хориҷиёнро ба Мариупол марзшиканӣ медонад.
Гуфтугӯ