Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози муҳоҷирон. Узбекистон вокуниш кард, Тоҷикистон хомӯш аст. ВИДЕО


Рӯзи 22-уми феврал муҳоҷирони узбеку тоҷик барои пардохт нашудани маошашон эътироз карданд.
Рӯзи 22-уми феврал муҳоҷирони узбеку тоҷик барои пардохт нашудани маошашон эътироз карданд.

Узбекистон аз бархӯрди як ширкати Русия бо муҳоҷиронаш эътироз баён кард. Кормандони он, ки шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистонанд, бо эътироз аз пардохт нашудани муздашон даст ба тазоҳурот заданд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин робита хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.

Зиёда аз ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек, ки дар ширкати "Крокус Групп" дар Маскав, кор мекунанд, рӯзи 22-юми феврал бо талаби пардохти маоши чандмоҳаи худ тазоҳурот барпо карданд. Ширкат ин талаби онҳоро қабул кард ва ваъда дод, ки музди муҳоҷирон моҳи март ба онҳо дода хоҳад шуд.

Сомонаи расмии Сенат ё порлумони Узбекистон навиштааст, ба муҳоҷироне, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кардаанд, ёрии амалӣ расонида мешавад. Дақиқ гуфта нашудааст, ки ин ёрӣ аз чӣ иборат аст.

Видео аз эътирози муҳоҷиронро инҷо бинед:

Муҳоҷирон дар Маскав музди корашонро талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то кунун аз муҳоҷирони тоҷик шикояте дарёфт накардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта сафорат ва намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кӯмак ба муҳоҷиронро барои дарёфти маошашон аз корҳои мавриди ситоиши худ мешумурданд. Зоҳиран, ин бор сафорат нахостааст, ба баҳс ҳамроҳ шавад ва аз ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят кунад.

Назар, як тан аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар ширкати "Крокус Групп" кор мекунад, гуфт, борҳо ба рақамҳои сафорат занг заданд, вале касе посух надод.

“Корфармо ба мо се моҳ зиёдтар шуд, ки ваъда медиҳад, вале пулро намедиҳад. Намояндаҳои Узбекистон омаданд, шояд аз онҳоро диҳанд, вале ба мо аҳамияте намедиҳанд,”—гуфт, ӯ.

Самандар, як муҳоҷири дигари тоҷик гуфт, ки нисфирӯзии 27-уми феврал ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав занг заданд ва як корманди сафорат шикояташонро сабт намудааст. Маълум нест, ки то куҷо шикояти муҳоҷирон баррасӣ мешавад.

Баръакси Тоҷикистон чанд ниҳоди Узбекистон ба ҳодисаи эътирози муҳоҷирон вокуниш карданд.

Комиссияи миллии мубориза бо қочоқи инсон ва кори иҷбории порлумони Узбекистон гуфтааст, ин қазияро таҳти назари худ гирифт. Оҷонсии муҳоҷиратии кории ин кишвар хабар додааст, ки муҳоҷирон осеб надидаанд ва боздошт нашудаанд. Порлумони Тоҷикистон ва хадамоти муҳоҷиртаи он ба войеа ҳеч гуна вокуниш нишон надодаанд.

Зоҳиран дар ҷавоб ба баёнияҳои Узбекистон, мақомоти Русия гуфтанд, раҳбарияти ширкати "Крокус Групп" бо эътирозгарон вохӯрда, ваъда кардааст, ки маоши онҳоро бармегардонад, аммо муҳоҷирон қаблан гуфта буданд, ки ба ваъдаҳои ширкат дигар бовар надоранд.

Ширкати сохтмонии "Крокус Групп" ба Ораз Агаларов, сармоядори номдори озарӣ, марбут аст. Дар гузашта низ муҳоҷирон дар мавриди сари вақт нагирифтани маош аз ин ширкат шикоят доштанд. Талошҳои дарёфти назари Агаларов натиҷа надодаанд.

Ба маълумоти расмӣ, солона то 700 ҳазор ва бинобар омори дигар беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон хонаводаашонро аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекунанд. Аксари онҳо аз бесоҳибӣ ва беҳуқуқии худ шикоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG