Пулиси Туркия дар робита ба фурӯрезии биноҳо дар натиҷаи заминларзаи сахти 6 феврал 182 касро боздошт кардааст ва беш аз 400 тани дигар ҳамчун гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба хабари "Associated Press", боздоштшудаҳо асосан пудратчиёни сохтмони биноҳо, соҳибон ё мудирони биноҳо мебошанд. Ба гуфтаи вазири адлияи Туркия, далелҳо дар макони фурӯрезии биноҳо барои таҳқиқи ҷиноӣ асос шудааст.
Коршиносон мегӯянд, бештари биноҳое, ки ба заминларза тоб наоварданд, эҳтимол бо маҳсулоти сохтмонии бесифат бунёд карда шудаанд ва ба меъёрҳои давлатӣ низ ҷавобгӯ набуданд.
Заминларзаи субҳи душанбеи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия вайрониҳои зиёде дар пай дошт. Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, ин зилзила ба ҳаёти 23 миллион нафар дар ин ду кишвар таъсир расондааст.