Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади 2 узбекистониро аз ҷанги Украина ба ватанашон оварданд


Ҷасади ду сокини ноҳияи Булунгури вилояти Самарқанди Узбекистонро, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд, аз Русия ба ватанашон оварданд.

Ҷасади ин сокинон, ки яке 24 ва дигарӣ 26 сол доштанд, ҳанӯз рӯзи 19 январ оварда ва дафн шудааст. Яке аз онҳо Бобур Абдумуминова ва дигарӣ Шаҳриёр Ҷалолов будаанд.

Бино ба нақли хешовандон, Шаҳриёр Ҷалолов 16 декабри соли 2022 дар вилояти Донетски Украина кушта шудааст. Шаҳриёр барои мардикорӣ ба Русия рафта ва онҷо зиндонӣ шуда буд. Хешовандонаш мегӯянд, маълум нест, вай чи гуна ба ҷанги зидди Украина рафтааст.

Хешовандони Бобур Абдумуминов гуфтанд, вай низ ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия рафта ва ҳашт моҳ пеш зиндонӣ шуд. Абдумуминов дар суҳбати телефонӣ ба падараш гуфтааст, ки "ба далели шиносномае боздошт шудааст, ки муҳлаташ гузашта буд".

Хешовандон гуфтанд, Абдумуминовро ширкати низомии хусусии "Вагнер" барои ҷанг дар Украина ҷалб кардааст.

Марги ду шаҳрванди Узбекистон дар ҷанги Русия зидди Украина дар ҳолест, ки мақомоти Узбекистон аз шаҳрвандон борҳо даъват карданд, ки дар ҷанги зидди Украина ширкат накунанд.

XS
SM
MD
LG