Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба "Tashkent Grand Slam 2023"


Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони шинохтаи тоҷик.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2023”, ки рӯзҳои 3-5-уми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 13 варзишгар (11 мард ва 2 зан) намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2023” то ҳоло 364 варзишгар (191 мард ва 173 зан) аз 48 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудааст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон 11 варзишгар – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кило), Беҳрӯзи Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни то 90 кг), Темур Раҳимов ва Иброҳимҷон Элмуродов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон бошад, ду нафар аз Тоҷикистон – Шукрона Қарчиева (то 48 кг) ва Шоҳида Қаландарова (то 57 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа:

3-юми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

4-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

5-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2023” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

Дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" – «Grand Prix Portugal 2023», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Вале дар ду мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – “Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал) ва “Tel Aviv Grand Slam 2023” (16-18-уми феврал) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG