Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози муҳоҷирон дар як ширкати сохтмонӣ дар Русия. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Беш аз ҳазор коргари ширкати "Крокус Групп" дар Маскав, ки дар миёнашон муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон низ ҳастанд, рӯзи 22-юми феврал эътироз карданд.

Онҳо мегӯянд, дар сохтмони "Лесобережний" кор мекунанд, вале чор моҳ боз ба ҷойи маош ваъдаи хушку холӣ гирифтанд.

Намояндагони ширкат ба эътирозгарон гуфтаанд, ҳаққи кор дар аввали моҳи март дастрас хоҳад шуд. Мавқеи расмии сарони "Крокус Прупп" дастрас нест.

Яке аз муҳоҷирони тоҷик бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳофизони "Крокус Групп" барои пароканда кардани эътирозгарон аз силоҳи травматикӣ ба ҳаво тир холӣ карданд.

"Дар ширкат ҳудуди ҳазор муҳоҷири тоҷик аст. Аз моҳи ноябри соли гузашта ҳаққи заҳмат нагирифтем. Маош ба ҳисоби миёна аз 50 то 60 ҳазор рубл аст," – афзуд ӯ.

Муҳоҷирон дар Маскав музди корашонро талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Мусоҳиби мо гуфт, ба таври қонунӣ кор мекунанд, вале барои ситондани ҳаққи худ ба намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат накарданд.

Ширкати сохтмонии "Крокус Групп" ба Ораз Агаларов, сармоядори номдори озарӣ, марбут аст. Дар гузашта низ муҳоҷирон дар мавриди сари вақт нагирифтани маош аз ин ширкат шикоят доштанд.

Тибқи иттилои расмӣ, солона то 700 ҳазор ва бинобар омори дигар беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон хонаводаашонро аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG