Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи оби "Норак" чаҳор метр "поин шудааст" ВИДЕО


Cатҳи оби обанбори "Норак" чаҳор метр поин шудааст.

Мақомот сабаби камии обро ба сардиҳои моҳи январ пайванд доданд.

“Нисбат ба соли гузашта чаҳор метр паст аст. Ба сабаби онки дар айёми сардӣ барқ доданд. Сарфи барқ ҳам зиёд шуду оби обанбор ҳам," – гуфт раиси шаҳри Норак Дилшод Асосозода.

Бо вуҷуди ин, масъулони нерӯгоҳи “Норак” мегӯянд, нисбат ба солҳои гузашта барқи бештар тавлид шуд.

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси “Норак” гуфт, “нерӯгоҳ дар соли гузашта зиёда аз 10 миллиард киловат соат барқ истеҳсол кард. Ин бештар аз сад дарсади нақшаро ташкил мекунад.”

Таҷдиди чархаҳои нерӯгоҳи барқи обии “Норак” чанд сол боз идома дорад.

Як чархаи нерӯгоҳро соли гузашта баъди бозсозӣ дигарбора ба кор дароварданд.

Дар шаҳри Норак нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” низ фаъол аст. Он ҳам барқ тавлид мекунад.

Ҳарду нерӯгоҳро дар дарёи Вахш сохтаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Оби обанбори "Норак" кам шудааст. Чӣ қадар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG