Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия талоши ҷустуҷӯ ва наҷоти одамон аз зери харобаҳо қатъ шуд


Қаҳрамонмараш, Туркия.
Қаҳрамонмараш, Туркия.

Туркия амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯйи бозмондаҳо аз зери харобаҳои заминларзаро ба ҷуз аз ду минтақа дар дигар шаҳру ноҳияҳо қатъ кард.

Бино ба иттилои Оҷонсии ҳолатҳои фавқулодаи Туркия, дар вилояти Қаҳрамонмараш ва Ҳатай, ки аз ҳама бештар дар ин ҳодиса осеб дидаанд, корҳои ҷустуҷӯи идома хоҳанд кард.

Хабаргузории AFP аз қавли Юнус Сезер, раиси Оҷонсии ҳолатҳои фавқулодаи Туркия навиштааст, шумори қурбониёни заминларза дар ин кишвар ба 40 ҳазору 689 нафар расид. Дар маҷмӯъ дар зилзилаи рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия беш аз 44 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Ҳафтае пеш, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, зимни суханронӣ дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия гуфта буд, амалиёти ҷустуҷӯ дар 15 ҳазор сохтмони фурӯрехта дар минтақаҳои зилзилазада, тамом шудааст. Вай афзуд, ҳазорҳо манзили истиқоматӣ дигар қобили истифода нестанд.

Заминларзаи субҳи душанбеи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия вайрониҳои зиёде дар пай дошт. Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, ин зилзила ба ҳаёти 23 миллион нафар дар ин ду кишвар таъсир расондааст.

XS
SM
MD
LG