Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба зарардидагони Сурия кумак мефиристад


Созмонҳои имдодрасон мегӯянд, зарардидагони Сурия ба кумаки бештар ниёз доранд.
Созмонҳои имдодрасон мегӯянд, зарардидагони Сурия ба кумаки бештар ниёз доранд.

Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба мардуми аз заминларзаи осебдидаи Сурия кӯмаки башардӯстона мефиристад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, кӯмаки Тоҷикистон ба Сурия аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ иборат хоҳад буд.

Мақомот гуфтанд, ҳаҷми кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Сурия дар умум 50 тонна хоҳад буд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, барои фиристодани наҷотдиҳандагон ба Сурия аз мақомоти ин кишвар ягон дархости расмӣ нагирифтаанд.

Субҳи 6-уми феврал заминларзаи сахт як қисмати Туркия ва Сурияро такон дод. Дар ин ҳодиса беш аз 40 ҳазор нафар ҳалок шуданд ва шумори қурбониён мумкин афзоиш ёбад.

Пештар Тоҷикистон ба Туркия кӯмаки башардӯстона ва 50 наҷотдиҳанда фиристода буд. Ин танқид бисёр садо дод, ки бештари кишварҳо ба Туркия кӯмак карданд, аммо мардуми зарардидаи Сурия фаромӯш шуданд.

XS
SM
MD
LG